Тибқи Фармони Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007, №225 “Дар бораи Рӯзи дави миллӣ”, 16 майи соли равон ҳамчун анъанаи нек дар шаҳри Панҷакент Дави миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва шумораи зиёди аҳолӣ иштирок намуданд.
Чорабинии “Дави миллӣ” ва дигар чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сулҳу субот дар мамлакат шабоҳат ёфта, дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд таҷлил мегарданд.
Мақсади асосии баргузории Дави миллӣ ташвиқи тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ дар байни ҷавонону наврасон, тарбият ёфтани насли даврони соҳибистиқлоли кишвар дар роҳи далериву шуҷоъат ба шумор рафта, аз сиёсати устуворона ва сиёсати ҷавонони кишвар дарак дода, амалҳои номатлуб, аз қабили гаравидан ба гурӯҳҳои ифротгароиро маҳкум менамояд.
Сиёсати имрӯза дар самти варзиш тақозо дорад, ки тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода намуда, дар рушди ин соҳа ҳамқадами кишварҳои мутараққии ҷаҳон бошем.
Дар хотимаи чорабинии баргузор гардида ба ғолибон аз ҷониби мақомоти иҷроия туҳфаҳо ва ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.
