Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як падидаи нави сиёсии замони истиқлол буда, санади сарнавиштсоз, раҳнамо ва қутбнамои инкишофи ҷомеа мебошад, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, нақшаву барномаҳои рушди устувори минбаъдаи онро дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат фаро мегирад ва вазифа, мақсаду маром, роҳу воситаҳои амалиро барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ муайян ва мушаххас менамояд.
Мо аз паём то паём шоҳиди дигаргуниҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқию фарҳангӣ ва шукуфоиҳои беназир мегардем, ки дар маҷмӯъ ин ҳама дастовардҳои беназир маҳз бо ташаббус ва сиёсати дурандешонаву хирадмандонаи муҳтарам Пешвои муаззами миллат рӯйи кор омадаанд.
Таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ҷавон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар беназир ва бесобиқа буда, дастуру ҳидоятҳо ва пешниҳодҳои созандае, ки Пешвои миллат зимни ироаи паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олӣ ирбоз доштанд, дар ҳаёти ҷавонон як қатор рӯйдодҳои муҳим ва дастовардҳои нав рӯи кор омоданд.
Боиси ифтихору сарбаландии мост, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона, иқдомҳои некбинона ва ташаббусҳои созандаи муҳтарам Пешвои маҳбуби миллат соли сипаришаванда яъне соли 2024 дар хотири мардуми Тоҷикистон ҳамчун соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани азиз, амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад баст.
Зеро соли 2024 дар баробари дигар солҳо барои сокинони кишвар соли комёбиҳои бузург ва дастоварҳои назаррас маҳсуб меёбад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Ҷаноби Олӣ Тоҷикистон ба кишвари озоду обод ва мутамаддину пешрафта табдил ёфта, давлати куҳанбунёди мо бо ҷилои нав эҳё гардида истиодааст.
Маҳз бо дастгирӣ ва раҳнамоиҳои муҳтарам Пешвои миллат дар соли 2024 ҷавонону варзишгарони кишвар низ дар баробари дигар қишри фаъоли ҷомеа бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллату давлат ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ содиқона талош намуданд.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати ҷавонпарварона ва варзишпаваронаи Пешвои муаззами миллат, татбиқи қонунҳои амалкунанда ва барномаҳои соҳавӣ баҳри татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш дар соли 2024 тадбирҳои мушаххас андешида, бо роҳандозӣ намудани механизмҳои тарҳрезишуда дар фаъолияти худ, ки мунтазамӣ ва фарогирии куллро миёни ҳамаи қишри ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон таъмин намуда истодааст, истифода намуд.
Дар ин замина, давоми чанд соли охир Кумита бо мақсади самаранок татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ва барномаҳои қабулгардида бо ду усул ё механизми корӣ: назариявӣ ва амалӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Аз ҷумла, дар самти кор бо ҷавонон баргузор намудани хониши сиёсӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо усули “деҳа ба деҳа” “мактаб ба мактаб” бо иштироки ҷавонони синфҳои болоӣ ва волидайни онҳо, хонишҳои сиёсӣ дар заминаи факултетҳои донишгоҳу донишкадаҳои олӣ бо усули “факулта ба факулта”, баргузории ҳамоишҳо миёни кормандони ҷавони корхонаву муассисаҳо ва ташкилоту идораҳо, баргузории хонишҳои сиёсӣ пеш аз баргузории мусобиқаҳои варзишӣ бо усули “деҳа ба деҳа”, “маҳалла ба маҳалла” дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки варзишгарон ва мухлисон роҳандозӣ карда шуд.
Аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар ва дастгирию пуштибонии Пешвои маҳбуби миллат барои дарёфт ва ҳавасмандгардонии олимони ҷавон ва ҷавонони фаъол як қатор ҷоизаҳо ва стипендияҳо таъсис дода шудааст.
Дар соли 2024 барои дастгирии олимони ҷавон аз ҷониби Кумита озмун барои дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, эълон карда шуда, аз миёни 84 нафар олимон 12 нафар беҳтаринҳо интихоб ва ғолиб дониста шуда, аз ҷониби Пешвои маҳбуби миллат зимни супоридани мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Соли 2024 аз ҷониби Кумита барои дарёфти стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ эълон карда шуда, аз миёни 12 000 нафар иштирокчӣ, 3000 нафар беҳтаринҳо интихоб ва сазовори номи баланди пуршарафи гирандаи стипендияи Президентӣ гардиданд.
Илова бар ин, дастоварди дигаре, ки дар самти кор бо ҷавонон дар соли 2024 ба вуқуъ пайваст, ин таваҷҷуҳи хосаи давлату Ҳукумати кишвар ҷиҳати бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошад, ки соли ҷорӣ Маркази ҷавонони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки Сарвазири мамлакат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, дар ноҳияи Данғара бо иштироки Пешвои маҳбуби миллат ҷиҳати бунёди Маркази ҷавонон иборат аз 7 ошёна санги асос гузошта шуд ва корҳои сохтмонӣ дар ин марказ оғоз гардиданд.
Ба ин монанд, дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ марказҳои ҷавонон бунёд гардида истодааст, ки ин иқдом низ дар рушду такомулёбии ҷавонон ва мустаҳкам гардидани инфрасохтори соҳаи ҷавонон мусоидат менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки бо дастгириҳои давлату Ҳукумати мамлакат як қатор барномаҳои соҳавӣ дар самти кор бо ҷавонон аз ҷумла “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”, “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон дар солҳои 2023-2027”, “Барномаи миллии рушди фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” амал мекунанд, ки марҳила ба марҳила барои дастгирии иҷтимоии ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо ва рушди фаъолияти волонтёрӣ дар кишвар самаранок татбиқ гардида истодаанд.
Як нуқтаи дигарро бояд зикр намуд, ки соли 2024 мо шоҳид гардидем, ки воқеан ҷавонони мо бори дигар ҳисси баланди ватандӯстии худро нишон доданд ва ҳам дар марҳилаи баҳорӣ ва ҳам дар марҳилаи тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар иҷрои нақшаи даъватро пеш аз муҳлат ба анҷом расониданд ва сафи ихтиёрон бениҳояд зиёд буд.
Яке аз дастовардҳои дигаре, ки соли 2024 мо мушоҳида намудем, ин иштироки васеи ҷавонон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз ҷумла, озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст, ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” маҳсуб меёбад. Кумита дар баробари дигар вазорату идораҳо масъули бевоситаи баргузории озмунҳои мазкур дар соли 2024 интихоб гардида, дар тарғибу ташвиқ ва иштироки васеи иштирокчиёни озмун аз ҳисоби насли наврасу ҷавон, дастгирию ҳавасмандсозии онҳо саҳм гузошт ва мо шоҳиди он гардидем, ки соли ҷорӣ ҳам аз ҷиҳати дастовард ва ҳам аз ҷиҳати иштирок фаъолнокии ҷавонон зиёд ба назар расид. Бо ташаббуси Пешвои маҳбуби миллат соли оянда бо зиёд гардидани ҳаҷми маблағи ҷоизаҳо ва теъдоди онҳо бо итминон метавон гуфт, ки сафи иштирокчиён аз ҳисоби ҷавонон ба маротиб зиёд мегардад.
Дар солҳои охир барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, фароҳам овардани шароити таҳсил барои онҳо, таъмини тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои насли ҷавони кишвар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа дар таҳрири нав қабул карда шуданд.
Аз ҷумла, дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” аз 21 декабри соли 2021, ки беш 40 имкониятро барои ҷавонон фароҳам меорад, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” аз 22 декабри соли 2022, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то давраи 2030 аз 1 апрели соли 2021, ки самтҳои афзалиятноки он мутобиқ ба қонунгузории кишвар муайяну мушаххас карда шудааст ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқутӣ таҳия ва амалӣ гардида истодаанд.
Баргузории чорабиниҳои хусусияти назариявидошта ва амалидошта дар самти кор бо ҷавонон имкон дод, ки ҷавонони мо дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолонаи худро собит намуда, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамеша ҷонибдорӣ менамоянд ва дар раванди он худ бевосита ширкат ва саҳмгузор мебошанд.
Баргузории чорабиниҳои муҳташами фарҳангӣ, фароғатӣ, байналмилалию минтақавӣ дар самти кор бо ҷавонон ҳамарӯза дар кишварамон роҳандозӣ гардида истодааст.
Инчунин, бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои гуногунҷабҳа дар самти кор бо ҷавонон дар сатҳи байналмилалӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар беш аз 100 адад Ёддоштҳои тафоҳум ва созишномаҳо ва барномаҳои ҳамкорӣ байни кишварҳои олам баста шуда, мавқеи ҷавонон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло бурда шуд.
Мо дар якҷоягӣ минбаъд низ Пешвои муаззами миллатро бовар мекунонем, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, бо Пешвои арзандаи худ ифтихор дорем ва содиқ мемонем, аз сиёсати хирадмандона ва дурандешонаашон ҷонибдорӣ намуда, бо пайравӣ аз Пешвои муаззами миллат дар рушди созандагию бунёдкорӣ ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишу талош менамоем.
Муроҷиатномаи Пешвои муаззами миллатро, ки зимни Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуда буданд: “…модоме ки мо ҳама якҷо як кишвари дар дами ҳалокат қарордоштаро ба қаламрави сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва шукуфоиву ободӣ табдил додем, қодир ҳастем, ки ҳамаи мушкилоти дигарро низ бартараф карда, дар ояндаи наздик Тоҷикистони маҳбубамонро бо заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстона боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем”, садоқатмандона сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор медиҳем!.
Розиқзода Дилошуб – сардори Раёсати рушди иҷтимоии ҷавонони
дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва
варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон