• Нишони миллӣ
  • Парчами миллӣ
  • Суруди миллӣ
Thursday, May 22, 2025
No Result
View All Result
Ҷавонони Тоҷикистон
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мо тамос гиред:
+992 37 21 1829
  • Асосӣ
  • Кумита
    • Низомнома
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Муасисаҳо ва ташкилотҳо
    • Муассисаҳои таълимӣ
    • Идораҳои давлатӣ
    • Қонунҳо
    • Кодексҳо
    • Фармонҳо
    • Таърихи кумита
  • Ҷавонон
    • Мақолаҳо
    • Сиёсати давлатии ҷавонон
    • Тарбияи ватандӯстӣ
    • Стипендия ва грантҳо
  • Варзиш
    • Тарзи ҳаёти солим
    • Кор бо дастаҳои мунтахаб
    • Мактабҳои варзишӣ
    • Варзишгарон
    • Федератсияҳои варзиши Тоҷикистон
      • Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон
      • Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон
      • Федератсияи футболи Тоҷикистон
      • Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон
      • Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон
      • Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон
      • Федератсияи бадминтони Тоҷикистон
      • Федератсияи дзюдои Тоҷикистон
      • Федератсияи баскетболи Тоҷикистон
      • Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон
      • Федератсияи волейболи Тоҷикистон
      • Федератсияи бокси Тоҷикистон
      • Федератсияи камонварии Тоҷикистон
      • Федератсияи гуштини Тоҷикистон
      • Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон
      • Федератсияи ҷумнатикаи Тоҷикистон
      • Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон
      • Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон
      • Федератсияи тирандозии варзишии Тоҷикистон
      • Федератсияи шамшербозони Тоҷикистон
  • Барномаҳо
    • Барномаҳои соҳавӣ
    • Пайвандҳои муфид
    • Стратегияҳо
  • Хабарҳо
    • Хабарҳои кумита
    • Эълонҳо
    • Чорабиниҳо
    • Ҷои кори холӣ
    • Тендрҳо
    • Суратнигори
    • Видеомаводҳо
  • Ҳамкорӣ
  • Тамос
  • tjТоҷикӣ
    • ru_RUРусский
    • enEnglish
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Кумита
    • Низомнома
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Муасисаҳо ва ташкилотҳо
    • Муассисаҳои таълимӣ
    • Идораҳои давлатӣ
    • Қонунҳо
    • Кодексҳо
    • Фармонҳо
    • Таърихи кумита
  • Ҷавонон
    • Мақолаҳо
    • Сиёсати давлатии ҷавонон
    • Тарбияи ватандӯстӣ
    • Стипендия ва грантҳо
  • Варзиш
    • Тарзи ҳаёти солим
    • Кор бо дастаҳои мунтахаб
    • Мактабҳои варзишӣ
    • Варзишгарон
    • Федератсияҳои варзиши Тоҷикистон
      • Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон
      • Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон
      • Федератсияи футболи Тоҷикистон
      • Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон
      • Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон
      • Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон
      • Федератсияи бадминтони Тоҷикистон
      • Федератсияи дзюдои Тоҷикистон
      • Федератсияи баскетболи Тоҷикистон
      • Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон
      • Федератсияи волейболи Тоҷикистон
      • Федератсияи бокси Тоҷикистон
      • Федератсияи камонварии Тоҷикистон
      • Федератсияи гуштини Тоҷикистон
      • Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон
      • Федератсияи ҷумнатикаи Тоҷикистон
      • Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон
      • Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон
      • Федератсияи тирандозии варзишии Тоҷикистон
      • Федератсияи шамшербозони Тоҷикистон
  • Барномаҳо
    • Барномаҳои соҳавӣ
    • Пайвандҳои муфид
    • Стратегияҳо
  • Хабарҳо
    • Хабарҳои кумита
    • Эълонҳо
    • Чорабиниҳо
    • Ҷои кори холӣ
    • Тендрҳо
    • Суратнигори
    • Видеомаводҳо
  • Ҳамкорӣ
  • Тамос
  • tjТоҷикӣ
    • ru_RUРусский
    • enEnglish
No Result
View All Result
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Варзиш

БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПОЙТАХТ XV НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ШУД

19.04.2025
in Варзиш
БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПОЙТАХТ XV НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ШУД

Имрӯз, 19 – уми апрели соли 2025 бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон 19 апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе ниммарафони XV байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он варзишгарон аз 10 кишвари минтақа ва ҷаҳон иштирок намуданд.

Дар маросими кушодашавии ниммарафони байналмилалӣ Зулфиқор Гулаҳмадзода – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарифӣ Бахтиёр – муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар Ниммарафони байналмилалии Душанбе варзишгарон аз кишварҳои мухталиф, шаҳрҳои бо Душанбе бародаршаҳр ва шаҳрҳои паймони ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоидошта, ҳунару малакаи хешро нишон доданд.

Ниммарафони байналмилалӣ масофаи 21 километру 97, 5 метрро ташкил дода, аз майдони назди Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт оғоз шуда, нуқтаи ниҳоии он майдони “Дӯстӣ”-и назди муҷассамаи шоҳ Исмоли Сомонӣ буд.

МИҲД шаҳри Душанбе барои баргузории Ниммарафон аз ҳисоби маблағҳои фонди рушди пойтахт 593 040 сомонӣ ҷудо кардааст. Варзишгароне, ки ҷойҳои аз якум то шашумро байни мардон ва занон ишғол карданд, бо ҷоизапулии ҷойи якум – 38500 сомонӣ, ҷойи дуюм – 33000 сомонӣ, ҷойи сеюм – 27500 сомонӣ, ҷойи чорум – 16000 сомонӣ, ҷойи панҷум – 14800 сомонӣ, ҷойи шашум – 11500 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин, ба варзишгарони ҳаваскор, ки ба масофаи 5 км давиданд, барои ҷойи якум 7 700 сомонӣ, ҷойи дуюм – 5500 ва ҷойи сеюм 3 300 сомонӣ тақдим гардид.

Дар мусобиқаи имсола, Шоҳрух Давлатов аз Ӯзбекистон аввалин шуда, миёни мардон ба марра расид. Ин масофаро Шоҳрух дар 1:04,11 сония давида, ғолиб шуд. Соли гузашта, ҳамин масофаро бо нишондоди 1:04,37 сония Виталий Шафа аз Украина давида, якум шуда буд. Имсол бошад, Шафа ҳамин масофаро дар 1:06,12 сония тай карда, шашум шуд.

Барои Шоҳрух Давлавтов сеюмин қаҳрамонӣ дар мусобиқаи мазкур аст. Қаблан, давандаи ӯзбек солҳои 2021 ва 2023 барандаи нишони тиллои Ниммарафони байналмилалии Душанбе гардида буд.

Фенти Гирма аз Ҳабашистон бо нишондоди 1:04, 14 сония ва Ҳасан Мирсоатов аз Ӯзбекистон бо нишондоди 1:04,42 сония ба марра расида, соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд.

Зуҳуршои Наҷмиддин аз миёни варзишгарони тоҷик аввалин шуда, ва дар умум 11-умин шуда ба марра расид. Соли 2023 Зуҳуршоҳ панҷумин шуда ба марра расида буд ва давоми ду соли охир варзишгари мо дар қатори шашгонаи беҳтаринҳо ҷой гирифта наметавонад. Давандаи дигари мо Меҳроб Одинаев 12-умин шуда, ба марра расид. Меҳроб ду сол пеш шашумин шуда, ба нуқтаи ниҳоӣ расида буд ва 2 сол мешавад, ки дар қатори шашгонаи беҳтаринҳо мавқеъ гирифта наметавонад.

Миёни бонувон Екатерина Тингускова аз Ӯзбекистон бо нишондоди 1:18,31 сония якум шуд. Елена Сергеева аз Русия бо нишондоди 1:18,34 сония дуюм ва Александра Вдовиня бо нишондоди 1:19,06 сония аз Русия сеюм шуданд. Дар мусобиқаи соли гузашта, Азизахон Мирзоакбарова аз Ӯзбекистон бо нишондоди 1:18,44 сония якум шуда буд, ки натиҷаи мусобиқаи имсола аз гузашта дида беҳтар аст.

Дар мусобиқаи соли гузашта, Раҷабмоҳ Абдуллоева бо нишондоди 1:25,03 сония чаҳорум ва Маҳина Боронова бо нишондоди 1:30, 12 сония шашум шуда, аз кишвари мо миёни бонувон ба марра расида буданд. Дар мусобиқаи имсола, Раҷабмоҳ 12-ум ва Маҳина 16-ум шуд. Раҷабмоҳ аз миёни давандаҳои бонувони тоҷик аввалин шуда, ба финиш расид.

Ёдовар мешавем, ки Ниммарафони Душанбе аз соли 2010 дар Рӯзи пойтахт, ки шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад ва соли 2013 ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаи дур ворид гардидааст.

Аввалин бор Ниммарафони байналмилалии Душанбе дар масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандҳои Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Ғолибони Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе (солҳои 2010-2025)

🔹Миёни мардон:

2010 – Тоҳир Мамашев (Қазоқистон)

2011 – Михаил Биков (Россия)

2012 – Андрей Петров (Ӯзбекистон)

2013 – Андрей Петров (Ӯзбекистон)

2014 – Роман Романенко (Украина)

2015 – Юрий Чечун (Россия)

2016 – Либога Вилсон (Кения)

2017 – Тилаҳун Гирма (Эфиопия)

2018 – Тефера Гоза (Эфиопия)

2019 – Фенте Ҷирма (Эфиопия)

2021 – Шоҳрух Давлатов (Ӯзбекистон)

2022- Ту Лезарус (Кения)

2023 – Шоҳрух Давлатов (Ӯзбекистон)

2024-Виталий Шафа (Украина)

2025 – Шоҳрух Давлатов (Ӯзбекистон)

🔸Миёни занон:

2010 – Надежда Поволяева (Россия)

2011 – Алёна Самохвалова (Россия)

2012 – Камила Ханипова (Россия)

2013 – Александра Дулиба (Беларус)

2014 – Ситора Ҳамидова (Ӯзбекистон)

2015 – Юлия Чиженко (Россия)

2016 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2017 – Виктория Полюдина (Қирғизистон)

2018 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2019 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2021 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2022- Теку Бкелу Абеб (Ҳабашистон)

2023 – Тунгускова Екатерина (Ӯзбекистон)

2024 – Азизахон Мирзоакбарова (Ӯзбекистон)

2025 -Екатерина Тингускова (Ӯзбекистон)

Next Post
ДУШАНБЕ ШАҲРИ ҶАВОНӢ ВА МАРКАЗИ ИМКОНИЯТҲОИ ВАРЗИШӢ

ДУШАНБЕ ШАҲРИ ҶАВОНӢ ВА МАРКАЗИ ИМКОНИЯТҲОИ ВАРЗИШӢ

Тавсияшуда

ҲАМОИШИ ИДОНА БАХШИДА БА 30 СОЛАГИИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҲАМОИШИ ИДОНА БАХШИДА БА 30 СОЛАГИИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

7 months ago
МАҲФИЛИ АДИБ ВА ҶАВОНОН БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

МАҲФИЛИ АДИБ ВА ҶАВОНОН БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

3 years ago

Хабарҳои машҳур

  • ҶАВОНОН ОЯНДАВУ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ!

    ҶАВОНОН ОЯНДАВУ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ!

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • ДУШАНБЕ – ПОЙТАХТИ ТОҶИКОН ВА ШАҲРИ СУЛҲ. Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид.

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • ПАРЛУМОНИ КАСБӢ ДАР ТАРБИЯИ ФАРҲАНГИ ҲУҚУҚИИ ҶАВОНОНИ КИШВАР САҲМИ МУНОСИБ ДОРАД

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ- ХАТАРИ ҶИДДИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОН ДАР ШАРОИТИ ИМРӮЗА

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

    0 shares
    Share 0 Tweet 0

Бо мо дар тамос бошед

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


tarbiyai_jismoni Дастурамал ҷиҳати қабули меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахшҳо

  • Барномаҳо
  • Барномаҳои соҳавӣ
  • Без рубрики
  • Варзиш
  • Варзишгарон
  • Видеомаводҳо
  • Кор бо дастаҳои мунтахаб
  • Кумита
  • Қонунҳо
  • Мактабҳои варзишӣ
  • Мақолаҳо
  • Медиа
  • Низомномаҳо
  • Сиёсати давлатии ҷавонон
  • Сиёсати ҷавонон
  • Стипендия ва грантҳо
  • Стратегияҳо
  • Суратнигори
  • Тарбияи ватандӯстӣ
  • Тарзи ҳаёти солим
  • Фармонҳо
  • Фаъолият
  • Хабарҳо
  • Хабарҳои кумита
  • Ҳамкорӣ
  • Ҳуҷатҳо
  • Чорабиниҳо
  • Ҷавонон
  • Ҷои кори холӣ
  • Эълонҳо

Истинодҳои муфид

  • Асосӣ
  • Тамос
  • Қабулгоҳ
  • Маълумот оид ба кумита
  • Роҳбарият
  • Сохтор
  • Ҷадвали қабул
  • Муроҷиат  ба раис
  • Эълонҳо

Дар бораи мо

Академикҳо, Раҷабовҳо 3

Тел.  372 21 1829

Email: kumitaijavonon@internet.ru

  • Маълумот оид ба кумита
  • Тамос
  • Қабулгоҳ

© 2024

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Кумита
  • Варзиш
  • Сиёсати ҷавонон
  • Хабарҳои кумита
  • Ҳуҷатҳо
  • Қонунҳо
  • Низомномаҳо
  • Фармонҳо
  • Суратнигори
  • Медиа
  • Видеомаводҳо
  • Фаъолият

© 2024

tj
ru_RU en tj