Байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон “Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2025-2027” ба имзо расонида шуд. Ин барнома пас аз анҷоми мулоқоту музокироти Тоҷикистон ва Қирғизистон аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрии сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо табодул карда шуд.
Барномаи ҳамкорӣ ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш равона шудааст.
Ҳадафи асосии барнома ташкили низоми устувори ҳамкорӣ барои густариши фаъолнокии ҷисмонӣ ва варзиш дар байни аҳолӣ мебошад. Дар доираи барнома татбиқи лоиҳаҳои муштарак, гузаронидани мусобиқаҳо ва чорабиниҳои варзишӣ, табодули таҷриба байни мутахассисон, дастгирии ташкилоти варзишӣ ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи омодасозии мутахассисони варзиш ба нақша гирифта шудааст. Барнома аз чорабиниҳое иборат мебошад, ки дар доираи он мусобиқаҳои варзишӣ, фестивалҳо, семинарҳо ва тренингҳо баргузор мешаванд. Ҳамчунин мубодилаи иттилоот ва беҳтарин таҷрибаҳо дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ пешбинӣ гардидааст.
Татбиқи барнома бояд ба зиёд шудани чорабиниҳои варзишӣ, баланд бардоштани фаъолнокии ҷисмонӣ, тақвияти ҳамкорӣ байни ташкилоти варзишӣ ва рушди малакаи ҷавонон мусоидат намояд.
Ёдовар мешавем, ки пас аз анҷоми мулоқоту музокироти Тоҷикистон ва Қирғизистон аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрии сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.