Субҳи рӯзи 15 – уми марти соли 2025 дар доираи нақша – чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалии “Дави дӯстӣ” ва веломарафон баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 10 000 нафар иштирок намуданд.
Дар ин чорабинии варзишӣ намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ширкат варзиданд.
Мусобиқаи “Дави дӯстӣ” бо ҳадафи таҳкими равобити дӯстона миёни кишварҳои ҳамсоя, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба варзиш баргузор гардид. Варзишгарон ва дӯстдорони дав аз субҳи барвақт дар кӯчаҳои марказии Хуҷанд ҷамъ омада, бо рӯҳияи баланди варзишӣ масофаи муқарраршударо тай намуданд.
Ҳамзамон, дар доираи ин чорабинӣ веломарафон низ баргузор шуд, ки дар он садҳо дӯстдорони варзиши велосипедронӣ аз се кишвари ҳамсоя иштирок карданд. Ин сабқат на танҳо рақобати варзишӣ, балки рамзи дӯстӣ ва муттаҳидии ҷавонони минтақа гардид.
Мақомоти маҳаллӣ ва созмонҳои варзишии кишварҳои ширкаткунанда баргузории чунин чорабиниҳоро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки онҳо минбаъд низ барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории варзишӣ байни кишварҳои ҳамсоя идома хоҳанд дод.
Чорабинии варзишӣ бо ҳузури масъулони соҳаи варзиш ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор гардида, ғолибон бо ҷоизаҳо ва дипломҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита