1. Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои қадршиносии хизматҳои шоистаи олимони ҷавон дар назди ҷомеа ва давлат, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодии олимони ҷавон ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ, техникӣ, технологӣ ва инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 – уми майи соли 2023, №207 «Оид ба тасдиқ намудани Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд», таъсис дода шудааст.
2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои зерин бо ҷоиза сарфароз гардонида мешаванд:
– натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ – техникие, ки дар номгӯи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд;
– коркарди намунаи техникаи нав ва технологияҳои инноватсионие, ки иқтидори истеҳсолии ҷумҳуриро таҳким бахшида, ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
3. Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмуни мазкур, ки аз санаи якуми феврал оғоз гардида буд, то якуми майи соли 2025 ҳамарӯза то соати 17:00 дар суроғаи банди 7 ишора гардида, идома меёбад.
4. Довталабони озмун ҳуқуқи иштирокро то синни 35 солагӣ доранд.
5. Нишондиҳандаҳои корҳои пешниҳоднамудаи довталабони ҷоиза дар соҳаи илм ва техника тибқи бандҳои 7, 8, 9 ва 10 Низомномаи ҷоиза (замима мегардад) қабул карда мешаванд.
6. Ҳамаи асноди дар банди 7, 8, 9 ва 10 Низомномаи ҷоиза бояд ба таври расмӣ тасдиқ шуда бошанд.
7. Маълумоти иловагиро вобаста ба талаботи озмун метавонед дар доираи Низомномаи ҷоиза тавассути суроғаи зерин дастрас намоед:
– шаҳри Душанбе, кӯчаи Академик Раҷабовҳо 3;
– телефонҳо барои тамос (+992) 988008064, 987757870
– email: daler-safaraliev@mail.ru // kjv@kjv.tj
Эзоҳ: ҳуҷҷатҳои нопурра ё қисман пешниҳодгардида ба озмун қабул карда намешаванд.