Дастаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон барандаи Ҷоми «Лигаи футзали Тоҷикистон» байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар минтақаи Душанбе гардид. Марҳилаи интихобии ин мусобиқа дар минтақаи Душанбе, 16-уми март ба анҷом расид.
Дар марҳилаи интихобии мусобиқаи “Ҷоми Лигаи футзали Тоҷикистон» байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар минтақаи Душанбе 15 даста ширкат кард. Бозиҳо аз рӯи системаи даврӣ, дар як давр гузашта, ғолибон аз рӯи шумораи бештари имтиёзҳои ба даст овардаашон муайян гардиданд.
Дастаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар мақоми 2-юм қарор гирифта, медалҳои нуқраи мусобиқаро ба даст овард.
Мақоми 3-юмро дастаи футзалбозони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиб шуд.
Ҳайати тадорукотии мусобиқа дар минтақаи марказӣ беҳтаринҳоро ба таври зайл муайян сохт.
Беҳтарин дарвозабон: Раҳматулло Аврангзеб – (Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон)
Беҳтарин нишонзан: Боқиев Ғаниҷон – (Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодии Тоҷикистон)
Бозингар Умедбахш: Пулотов Маҳмадалӣ – (Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон)
Беҳтарин бозингар: Мирзозода Бежан – (Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон)
Дар маросими ҷоизасупории мусобиқа Директори лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов, сармураббии тими мунтахаби футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов, Директори Лигаи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Абдулло Соқиев, Намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҷамшед ва Суфизода Давлат ва намояндаи Вазорати маорифи Тоҷикистон Саидзода Ҳикматулло ширкат варзида ҷоизаҳоро ба соҳибонашон тақдим карданд.
Қобили зикр аст, ки марҳилаи интихобии мусобиқа дар минтақаи Суғд бо иштироки 5 дастаи футзали донишҷӯён ва дар минтақаи Хатлон бошад бо иштироки 7 дастаи футзали донишҷӯён идома дорад.