Бо мақсади омодагӣ ба Чемпионати Осиё ва Гранд Слами Душанбе, дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон аз 26-уми март то 12-уми апрел дар ҷамъомади байналмилалии таълимӣ-тамринӣ дар шаҳри Осака, Ҷопон қарор дорад. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст.
10 ҷудокори умедбахши кишвар дар муҳити пурмасъулияти ҷудои ҷопонӣ таҷриба меандӯзанд, маҳорати худро сайқал медиҳанд ва бо беҳтарин варзишгарони ҷаҳон қувваозмоӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Тайланд кишвари моро Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Эмомалии Нуралӣ (-66 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг), Кароматулло Ҳакимов (-100 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Аҳлия Муминова (-48 кг), Мадина Қурбонзода (-52 кг), Александра Кан (-57 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг) муаррифӣ мекунанд. Мусобиқа рӯзҳои 25-27-уми апрел дар шаҳри Бангкок доир мешавад.