Рӯзҳои 28-уми феврал то 2-юми марти соли равон дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо дар соли 2025 “Tashkent Grand Slam 2025” доир мешавад. Нисфирӯзии имрӯз маросими қуръакашии мусобиқаи мазкур доир гардид. Ҷудокорои тоҷик дар қатори дигар иштирокчиёни мусобиқа рақибони хешро дарёфтанд.
Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур, 17 ҷудокор Меҳрзод Сӯфиев, Ҳақдод Гулов (-60 кг), Эмомалии Нуралӣ, Умар Шеров (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев, Ворис Назаров (-73 кг), Суннатулло Мусоев, Муҳаммад Юсуфзода (-81 кг), Мизробшоҳ Лоиқов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов (-100 кг), Мансур Раҳмон (+100 кг), Аҳлия Муминова (-48 кг), Мадина Қурбонзода (-52 кг), Александра Кан (-57 кг) ва Виктория Кисилёва (+78 кг) намояндагӣ мекунанд.
Дар вазни то 60 кг Меҳрзод Сӯфиев ва Ҳақдод Гулов (-60 кг) баромад мекунанд. Сӯфиев дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Муродир Муродиллоев аз Ӯзбекистон ва Таран Максим аз Олмон нерӯсанҷӣ мекунад. Гулов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Ҷонатан Чарон аз Куба сабқат мекунад. Дар ин вазн 19 ҷудокор баромад мекунанд.
Эмомалии Нуралӣ ва Умар Шеров дар вазни то 66 кг ҳунарнамоӣ мекунанд. Эмомалӣ дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Казбек Нагучев аз АМА ва Йержан Йеренкайипов аз Қазоқистон гӯштин мегирад. Шеров низ дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Липард Виляр аз Эстония қувваозмоӣ мекунад. Дар ин вазн 19 ҷудокор баромад мекунанд.
Муҳиддин Асадуллоев бо ҳамроҳии Ворис Назаров дар вазни то 73 кг баромад мекунанд. Асадуллоев дар даври аввал бо Бахитҷон Абдураҳмонов аз Қазоқистон гӯштин мегирад. Назаров дар даври аввал бо Карим Абдуллоев аз АМА сабқат мекунад. Дар ин вазн 15 ҷудокор баромад мекунанд.
Суннатулло Мусоев ва Муҳаммад Юсуфзода дар вазни то 81 кг ҳунарнамоӣ мекунанд. Мусоев дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Абилайхон Жубаназар аз Қазоқистон гӯштин мегирад. Юсуфзода дар даври аввал бо Алмазҷон Уулу Тегин аз Қирғизистон сабқат мекунад. 18 ҷудокор дар ин вазн баромад мекунанд.
Дар вазни то 90 кг Мизробшоҳ Лоиқов ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода баромад мекунанд. Лоиқов дар даври аввал бо намояндаи Қазоқистон Ануарбеков Ермахон нерӯсанҷӣ мекунад. Абдуҷалилзода дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Нурбек Муртазоев аз Ӯзбекистон ва Чен Чун-Юан аз Тайпеи Чин гӯштин мегирад. Дар ин вазн 18 ҷудокор номнавис шудаанд.
Ҷаҳонгир Маҷидов ва Кароматулло Ҳакимов дар вазни то 100 кг ҳунарнамоӣ мекунанд. Маҷидов дар даври аввал бо Ян Янг аз Чин гӯштин мегирад. Ҳакимов дар даври аввал бо Эрназар Сарсенбаеви ӯзбек дастбагиребон мешавад. 15ҷудокор дар ин вазн ширкат мекунанд.
Миёни сангинвазнҳо кишвари моро Мансур Раҳмон муаррифӣ мекунад. Мансур дар даври аввал бо Ҷавоҳир Муродуллоев аз Ӯзбекистон гӯштин мегирад. Дар ин вазн 12 ҷудокор баромад мекунанд.
Миёни бонувон Аҳлия Муминова дар вазни то 48 кг дар даври аввал бо Чжоу Йилинг аз Чин сабқат мекунад. 20 ҷудокор дар ин вазн номнавис шудаанд. Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Нугаева Лилия (IJF) ва Такеучи Рини ҷопонӣ сабқат мекунад. Дар ин вазн 17 ҷудокор номнавис шудаанд.
Дар вазни то 57 кг Александра Кан дар даври аввал бо Моҳинур Аллаберганова аз Ӯзбекистон дастбагиребон мешавад. Дар ин вазн 17 ҷудокор номнавис шудаанд. Виктория Кисилёва дар вазни ҷамъи 78 кг дар даври аввал бо Нозгул Маратова аз Қазоқистон гӯштин мегирад. Ин вазн 15 ҷудокорро ба ҳам овардааст, ки барои зинаҳои фахрӣ талош хоҳанд намуд.
Қобили зикр аст, ки ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар мусобиқаи “Tashkent Grand Slam 2025” аз 23 кишвари ҷаҳон 242 ҷудокор (116 мард, 126 зан) иштирок мекунанд.
Барномаи баргузории мусобиқа чунин аст. Дар рӯзи аввал, 28-уми феврал ҷудокорон дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва вазнҳои – 48 кг, -52 кг, -57 кг миёни бонувон рақобат мекунанд. Оғози рақобатҳо соати 10:00 ба вақти Душанбе аст.
Дар рӯзи дуюм мардон дар вазнҳои 73 кг, -81 кг ва бонувон дар вазнҳои -63 кг, -70 кг сабқат мекунанд. Оғози рақобатҳо соати 11:00 дақиқа ба вақти Душанбе мебошад.
Дар рӯзи охири мусобиқа мардон дар вазнҳои – 90 кг, -100 кг, +100 кг ва бонувон дар вазнҳои -78 кг, +78 кг баромад мекунанд. Оғози рақобатҳо соати 12:00 ба вақти Душанбе мебошад. Рақобатҳои финалӣ соати 17:00 дақиқа ба вақти Душанбе аст. ТВ “Варзиш” мусобиқаи мазкурро мустақим манзури ҳаводорон мегардонад.
Дар мусобиқа ҷудокорони шинохта, ба монанди Раз Ҳершкои исроилӣ, Матвей Каниковский (IJF), Инбар Ланири исроилӣ, Эмомалии Нуралии тоҷик, Алина Боеҳми олмонӣ, Даниил Лаврентев (IJF), Неманя Маҷдови сербӣ, Сабина Гулиязова (IJF), Анна Монтаи олмонӣ, Энди Грандаи кубагӣ, Ма Женжаои чинӣ ва Шаҳром Аҳатов бо Алишер Юсупови ӯзбекистонӣ , ки ҳама аз рӯи вазнҳои хеш дар раддабандии ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро ишғол мекунанд, ширкат меварзанд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 14 ҷудокор намояндагӣ карда буданд. Аз миёни онҳо дар ин мусобиқа Эмомалии Нуралӣ зери вазни то 66 кг медали тилло гирифта буд.