Рӯзҳои 14-ум ва 16-уми феврали соли равон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо дар соли 2025 “Baku Grand Slam 2025” доир мешавад. Нисфирӯзии имрӯз маросими қуръакашии мусобиқаи мазкур доир гардид. Ҷудокорои тоҷик дар қатори дигар иштирокчиёни мусобиқа рақибони хешро дарёфтанд.
Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур, 6 паҳлавон муаррифӣ мекунанд. Дар вазни то 73 кг Абубакр Шеров бо Муҳиддин Асадуллоев, дар вазни то 81 кг Баҳрӯз Хоҷазода бо Сомон Маҳмадбеков, дар вазни то 100 кг Ҷаҳонгир Маҷидов ва Кароматулло Ҳакимов намояндаҳои кишвари мо дар мусобиқаи мазкур мебошанд.
Қобили зикр аст, ки паҳлавони мо Беҳрӯз Хоҷазода, ки зери вазни то 73 кг баромад мекард, ҳоло тағйири вазн кардааст ва минбаъд дар вазни то 81 кг баромад мекунад. Ин аввалин мусобиқа ҳамакнун, барои Хоҷазода хоҳад буд, ки зери вазни 81 кг ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Дар рӯзи дуюми мусобиқа зери вазни то 73 кг кишвари моро Абубакр Шеров бо Муҳиддин Асадуллоев ва зери вазни то 81 кг Баҳрӯз Хоҷазода бо Сомон Маҳмадбеков намояндагӣ мекунанд.
Шеров дар даври аввали мусобиқа бо ҷудокори 25 солаи хорватӣ Роберт Клакар нерӯсанҷӣ мекунад. Асадуллоев дар даври аввал бо Георгий Чихелидзе аз Гурҷистон сабқат мекунад.
Барандаи нишони биринҷии Бозиҳои олимпии Париж-2024 Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Дзавбатиров Шамил аз Олмон нерӯсанҷӣ мекунад. Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни нав аввалин рақобатро дар даври дуюм бо Кавелиус Тимо аз Олмон қувваозмоӣ мекунад.
Ҷаҳонгир Маҷидов ва Кароматулло Ҳакимов дар вазни то 100 кг дар рӯзи охири мусобиқа ҳунарнамоӣ мекунанд. Ҳакимов дар даври аввал бо Бозбаев Ислом аз Қазоқистон нерӯсанҷӣ мекунад. Маҷидов дар даври аввал бо Кристиан Тоз аз Маҷористон рақобат хоҳад намуд.
Қобили зикр аст, ки ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар мусобиқаи “Baku Grand Slam 2025” ҳоло 258 ҷудокор (166 мард, 92 зан) аз 36 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд.
Барномаи баргузории мусобиқа чунин аст. Дар рӯзи аввал, 14-уми феврал ҷудокорон дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва вазнҳои – 48 кг, -52 кг, -57 кг миёни бонувон рақобат мекунанд. Оғози рақобатҳо соати 11:00 ба вақти Душанбе аст.
Дар рӯзи дуюм мардон дар вазнҳои 73 кг, -81 кг ва бонувон дар вазнҳои -63 кг, -70 кг сабқат мекунанд. Оғози рақобатҳо соати 10:30 дақиқа ба вақти Душанбе мебошад.
Дар рӯзи охири мусобиқа мардон дар вазнҳои – 90 кг, -100 кг, +100 кг ва бонувон дар вазнҳои -78 кг, +78 кг баромад мекунанд. Оғози рақобатҳо соати 11:00 ба вақти Душанбе мебошад. Рақобатҳои финалӣ соати 16:00 дақиқа ба вақти Душанбе аст. ТВ “Варзиш” мусобиқаи мазкурро мустақим манзури ҳаводорон мегардонад.
Дар мусобиқа ҷудокорони шинохта, ба монанди Маттиас Кассеи белгиягӣ, Санширо Мураои ҷопонӣ, Ван Лишоути нидерландӣ, Мириам Буткерейти олмонӣ, Илиа Суламанидзеи гурҷӣ, Зеодорос Тселедиси юнонӣ, Дистриа Красникии косовагӣ, Татсуки Ишиҳараи ҷопонӣ, Натсуми Тсунодаи ҷопонӣ, Элисавет Телтсидоуи юнонӣ, Михаел Коррели нидерланлӣ, Лаура Фазлиуи косовагӣ, Лара Квйеткои хорватӣ, Рюиҷу Нагайамаи ҷопонӣ ва варзишгари Сомон Маҳмадбеков ширкат меварзанд. Ин ҷудокорон ҳама аз рӯи вазнҳои хеш дар раддабандии ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро ишғол мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар мусобиқаи “Baku Grand Slam 2024”, Тоҷикистонро 12 ҷудокор Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Абубакр Шеров, Илҳомиддин Ҷабборов, Умедҷон Раҷабов, Сомонӣ Кишваров, Ҷаҳонгир Маҷидов, Мансур Раҳмон, Шакармамад Мирмамадов, Аҳлия Муминова, Шукрона Қарчиева, Фазилат Гулбоева ва Мавлуда Одинаева намояндагӣ карда буданд. Аз миёни ҷудокорони тоҷик танҳо ба Абубакр Шеров муяссар гаридида буд, ки соҳиби нишони нуқра дар вазни то 73 кг гардад. Шеров дар финал аз Ҳидоят Ҳайдарови мизбон шикаст хӯрда буд.