• Нишони миллӣ
  • Парчами миллӣ
  • Суруди миллӣ
Monday, June 16, 2025
No Result
View All Result
Ҷавонони Тоҷикистон
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мо тамос гиред:
+992 37 21 1829
  • Асосӣ
  • Кумита
    • Низомнома
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Муасисаҳо ва ташкилотҳо
    • Муассисаҳои таълимӣ
    • Идораҳои давлатӣ
    • Қонунҳо
    • Кодексҳо
    • Фармонҳо
    • Таърихи кумита
  • Ҷавонон
    • Мақолаҳо
    • Сиёсати давлатии ҷавонон
    • Тарбияи ватандӯстӣ
    • Стипендия ва грантҳо
  • Варзиш
    • Тарзи ҳаёти солим
    • Кор бо дастаҳои мунтахаб
    • Мактабҳои варзишӣ
    • Варзишгарон
    • Федератсияҳои варзиши Тоҷикистон
      • Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон
      • Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон
      • Федератсияи футболи Тоҷикистон
      • Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон
      • Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон
      • Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон
      • Федератсияи бадминтони Тоҷикистон
      • Федератсияи дзюдои Тоҷикистон
      • Федератсияи баскетболи Тоҷикистон
      • Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон
      • Федератсияи волейболи Тоҷикистон
      • Федератсияи бокси Тоҷикистон
      • Федератсияи камонварии Тоҷикистон
      • Федератсияи гуштини Тоҷикистон
      • Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон
      • Федератсияи ҷумнатикаи Тоҷикистон
      • Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон
      • Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон
      • Федератсияи тирандозии варзишии Тоҷикистон
      • Федератсияи шамшербозони Тоҷикистон
  • Барномаҳо
    • Барномаҳои соҳавӣ
    • Пайвандҳои муфид
    • Стратегияҳо
  • Хабарҳо
    • Хабарҳои кумита
    • Эълонҳо
    • Чорабиниҳо
    • Ҷои кори холӣ
    • Тендрҳо
    • Суратнигори
    • Видеомаводҳо
  • Ҳамкорӣ
  • Тамос
  • tjТоҷикӣ
    • ru_RUРусский
    • enEnglish
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Кумита
    • Низомнома
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Муасисаҳо ва ташкилотҳо
    • Муассисаҳои таълимӣ
    • Идораҳои давлатӣ
    • Қонунҳо
    • Кодексҳо
    • Фармонҳо
    • Таърихи кумита
  • Ҷавонон
    • Мақолаҳо
    • Сиёсати давлатии ҷавонон
    • Тарбияи ватандӯстӣ
    • Стипендия ва грантҳо
  • Варзиш
    • Тарзи ҳаёти солим
    • Кор бо дастаҳои мунтахаб
    • Мактабҳои варзишӣ
    • Варзишгарон
    • Федератсияҳои варзиши Тоҷикистон
      • Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон
      • Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон
      • Федератсияи футболи Тоҷикистон
      • Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон
      • Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон
      • Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон
      • Федератсияи бадминтони Тоҷикистон
      • Федератсияи дзюдои Тоҷикистон
      • Федератсияи баскетболи Тоҷикистон
      • Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон
      • Федератсияи волейболи Тоҷикистон
      • Федератсияи бокси Тоҷикистон
      • Федератсияи камонварии Тоҷикистон
      • Федератсияи гуштини Тоҷикистон
      • Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон
      • Федератсияи ҷумнатикаи Тоҷикистон
      • Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон
      • Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон
      • Федератсияи тирандозии варзишии Тоҷикистон
      • Федератсияи шамшербозони Тоҷикистон
  • Барномаҳо
    • Барномаҳои соҳавӣ
    • Пайвандҳои муфид
    • Стратегияҳо
  • Хабарҳо
    • Хабарҳои кумита
    • Эълонҳо
    • Чорабиниҳо
    • Ҷои кори холӣ
    • Тендрҳо
    • Суратнигори
    • Видеомаводҳо
  • Ҳамкорӣ
  • Тамос
  • tjТоҷикӣ
    • ru_RUРусский
    • enEnglish
No Result
View All Result
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Варзиш

ДАР ДУШАНБЕ МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ СОҲАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ ДАР СОЛИ 2024 ДОИР ГАРДИД

17.02.2025
in Варзиш, Варзишгарон, Кор бо дастаҳои мунтахаб, Мактабҳои варзишӣ, Хабарҳо
ДАР ДУШАНБЕ МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ СОҲАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ ДАР СОЛИ 2024 ДОИР ГАРДИД

Санаи, 17 – уми феврали соли 2025 дар толори меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 баргузор гардид, ки дар он беш аз 1,7 миллион сомонӣ ба ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ супорида шуд.

Нахуст, иштирокчиёни чорабинӣ аз гӯшаи намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи варзиши кишвар дидан намуда, акси дастаҷамъона гирифтанд.

Сипас, пеш аз оғози маросими расмии ҷоизасупорӣ филми кӯтоҳметражи мустанад оид ба дастоварду комгории соҳаи варзиши кишвар дар соли 2024 дар ҳаҷми 10 дақиқа манзури ҳозирин гардонида шуд.

Дар маросими мазкур Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Дилрабо Мансурӣ, Раиси Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зулфиқор Гулаҳмадзода ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, варзишгарон, роҳбарону мураббиёни сохторҳои варзишии мамлакат, собиқадорону фаъолони соҳаи варзиш ва ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ дар соли 2024 иштирок намуданд.

Иброз гардид, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз рукнҳои арзишмантарин ва муҳимтарини ҷомеа барои тарбияи насли наврас ва инсоният ба ҳисоб меравад. Зеро мақсади асосии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш танҳо иборат аз таҳкими саломатии инсон нест, балки он бо тарбияи меҳнатӣ, ақлӣ, ахлоқӣ ва эстетикӣ низ пайванди ногусастанӣ дошта, муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Ироа шуд, ки боиси ифтихору шарафмандии мо масъулини соҳа ва варзишгарон аст, ки бо таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғамхориҳои ҳамешагии варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооту толорҳои барҳавову ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй бундёду азнавсозӣ гардида, ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш заминаи мусоидро фароҳам оварда истодааст.

Сипас, дар заминаи сиёсати варзишпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат 46 нафар ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо бо мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд гардонида шуданд.

Ҳамзамон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷоизаи «Варзишгари беҳтарини сол», «Мураббии беҳтарини сол», «Мактаби варзишии беҳтарини сол», «Беҳтарин федератсияи варзишии сол», «Беҳтарин иншооти варзишии сол», «Беҳтарин шаҳри варзишии сол», «Беҳтарин васоити ахбори омма дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Беҳтарин сохтори маҳаллӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»,«Шореҳи беҳтарини соҳаи варзиш» ва «Варзишгарнавраси умедбахш» дар соли 2024 эълон намуд, ки беҳтаринҳо муайян карда шуда, дар маросими ҷоизасупории имрӯза қадрдони карда шуданд.

Инчунин гурӯҳи ҳаваскорони Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суруду оҳангҳои ҷазобӣ ватандӯстиву ҷавонӣ фазои чорабиниро гарму мунаввар гардониданд.

Ёдовар мешавем, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ нисбат ба 70 соли замони пеш аз истиқлол теъдоди иншооти соҳаи варзиш дар мамлакат беш аз 9 маротиба афзоиш ёфтааст. Тадбирҳои андешида дар самти тарбияи ҷисмонӣ, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва оммавияти варзиш аст, ки дар соли 2024 11 026 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 127 варзишгоҳ, 7 662 майдончаи варзишӣ, 2273 толорҳои варзишӣ, 104 ҳавзҳои шиноварӣ, 89 маҷмааҳою марказҳои солимгардонӣ, бошгоҳои варзишӣ ва 771 иншооти махсуси варзишӣ мавҷуд мебошанд, ки фаъолияти пурсамар доранд.

Маҳз бунёди чунин иншооти замонавӣ ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш заминаи мусоид фароҳам оварда, варзишгарони тоҷик имрӯз дар сатҳи ҷаҳон Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд. Аз ҷумла, 14 варзишгари номвари тоҷик дар Бозиҳои олимпии Париж 2024 иштирок намуда, Парчами давлатии Тоҷикистонро парафшон намуданд. Дар ин Бозиҳои олимпӣ Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Давлат Болтаев бо гирифтани се медали биринҷӣ номи Тоҷикистонро дар қатори давлатҳои дорои медали Бозиҳои олимпӣ сабт намуданд.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат муносибат ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун омили тандурустиву тавонмандӣ ва воситаи муаррифи давлати соҳибистиқлол мазмуну моҳияти нав пайдо кард.

Ба шарафи истиқлоли давлатӣ ба бозии миллии тоҷикӣ- гӯштингирӣ мақоми байналмилалӣ дода шуда, пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе мизбони чорабиниҳои байналмилалӣ гардид. Аз ҷумла, 28-31 августи соли 2024 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии сатҳи баланд варзишгарон аз 63 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа 11 медал (5 медали тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат якчанд санади меъёрӣ- ҳуқуқӣ ва барномаҳои соҳавӣ давра ба давра таҳия ва мавриди амал қарор гирифта, ба рушди соҳаи варзиш заминаи мусоид гузоштанд.

Аз ҷумла, дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва дар заминаи он «Барномаи маҷмуии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» таҳия ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки аз ҷумлаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат маҳсуб мешаванд.

Бояд ёдовар шавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис дода шудааст.

Бо назардошти омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи дунё Ҳукумати мамлакат, хосса Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиши олимпӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Давоми соли 2023 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаде ба имзо расид, ки ғолибон ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд бо стипендияи моддии моҳонаи якумра ҳавасманд карда мешаванд.

Натиҷаи чунин ғамхориҳо аст, ки солҳои охир варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пайваста иштирок намуда, бо сазовор гардидан ба ҷойҳои ифтихорӣ нуфузу эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд бардошта, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.

Танҳо соли 2024 варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 448 медал ворид намуданд. Аз ҷумла, 134 медали тилло, 108 нуқра ва 206 медали биринҷӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2023 87 медал (13 тилло, 22 нуқра ва 52 биринҷӣ) зиёд мебошад.

Аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии федератсияҳои варзишии мамлакат 1126 нафар варзишгарон, аз ҷумла 354 нафар занону духтарони аъзои дастаҳои мунтахаб аз намуди варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ ба 82 мусобиқаи сатҳи байналмилалии варзишӣ ҷалб гардиданд.

Соли 2024 бо шарофати дастоварди варзишгаронамон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 448 маротиба дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ баланд бардошта шуд. Ҳамчунин ба хотири дастоварди онҳо 134 маротиба Суруди миллӣ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст.

Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита

Next Post
“Хуҷанд” барои ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ ба шаҳри Тошканд сафар намуд

“Хуҷанд" барои ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ ба шаҳри Тошканд сафар намуд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Тавсияшуда

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соли 2025 озмун эълон менамояд

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соли 2025 озмун эълон менамояд

4 months ago
Маросими кушодашавии “Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба санъати муҳорибаҳои омехта”

Маросими кушодашавии “Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба санъати муҳорибаҳои омехта”

3 years ago

Хабарҳои машҳур

  • 8 ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи Tbilisi Grand Slam 2025 иштирок мекунанд

    8 ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи Tbilisi Grand Slam 2025 иштирок мекунанд

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • Таджикистан и Кыргызстан подписали Программу сотрудничества в области молодёжной политики

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАБОИ АСР ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • Дар Шаҳринав фестивали футбол таҳти унвони “AFC Women’s Football Day 2025” баргузор гашт

    0 shares
    Share 0 Tweet 0

Бо мо дар тамос бошед

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


tarbiyai_jismoni Дастурамал ҷиҳати қабули меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахшҳо

  • Барномаҳо
  • Барномаҳои соҳавӣ
  • Без рубрики
  • Варзиш
  • Варзишгарон
  • Видеомаводҳо
  • Кор бо дастаҳои мунтахаб
  • Кумита
  • Қонунҳо
  • Мактабҳои варзишӣ
  • Мақолаҳо
  • Медиа
  • Низомномаҳо
  • Сиёсати давлатии ҷавонон
  • Сиёсати ҷавонон
  • Стипендия ва грантҳо
  • Стратегияҳо
  • Суратнигори
  • Тарбияи ватандӯстӣ
  • Тарзи ҳаёти солим
  • Фармонҳо
  • Фаъолият
  • Хабарҳо
  • Хабарҳои кумита
  • Ҳамкорӣ
  • Ҳуҷатҳо
  • Чорабиниҳо
  • Ҷавонон
  • Ҷои кори холӣ
  • Эълонҳо

Истинодҳои муфид

  • Асосӣ
  • Тамос
  • Қабулгоҳ
  • Маълумот оид ба кумита
  • Роҳбарият
  • Сохтор
  • Ҷадвали қабул
  • Муроҷиат  ба раис
  • Эълонҳо

Дар бораи мо

Академикҳо, Раҷабовҳо 3

Тел.  372 21 1829

Email: kumitaijavonon@internet.ru

  • Маълумот оид ба кумита
  • Тамос
  • Қабулгоҳ

© 2024

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Кумита
  • Варзиш
  • Сиёсати ҷавонон
  • Хабарҳои кумита
  • Ҳуҷатҳо
  • Қонунҳо
  • Низомномаҳо
  • Фармонҳо
  • Суратнигори
  • Медиа
  • Видеомаводҳо
  • Фаъолият

© 2024

tj
ru_RU en tj