Рӯзи 7-уми март дар доираи таҷлили Рӯзи футболи занонаи Конфедератсияи футболи Осиё – «AFC Women’s Football Day 2025» дар Шаҳринав фестивали анъанавии футбол баргузор гардид. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Дар фестивал зиёда аз 100 нафар духтарон иштирок карданд. Ҳадафи асосии фестивал оммавӣ кардани футболи занона ва ҷалби духтарон ба варзиш мебошад.
Ба ҳамаи иштирокчиён либос ва тӯбҳои футболӣ тақдим карда шуданд.