Бо мақсади пуршукуҳ таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз 15 марти соли равон дар назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии «20 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалии «Дави дӯстӣ» ва веломарафон баргузор мешавад.
Мусобиқа соати 09:00 аз назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардида, ба тариқи хиёбони Раҳим Ҷалил ба воситаи пули нав то майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби варзишгарони касбӣ ва сокинони гуногункасб доир мегардад.
Дар мусобиқа варзишгарони касбӣ аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок менамоянд. Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.