Имрӯз, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семен Григоревро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстии ҷавонони ҳарду кишвар ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманд дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш табодули афкор намуданд.
Таъкид карда шуд, ки бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ду кишвари дӯст дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамкории хуб доранд.
Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи марказӣ