• Emblem
  • Flag
  • Anthem
Monday, June 16, 2025
No Result
View All Result
Youth of Tajikistan
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Contact us:
+992 37 21 1829
  • Home
  • Committee
    • Regulations
    • Leaderships
    • Structure
    • Institutions and organizations
    • Educational institutions
    • Government offices
    • Laws
    • Codes
    • Regulations
    • History of the committee
  • Youth
    • Мақолаҳо
    • State youth policy
    • Education of patriotism
    • Scholarships and grants
  • Sport
    • Healthy lifestyle
    • Working with favorite teams
    • Sports schools
    • Sportsmen
    • Федератсияҳои варзиши Тоҷикистон
      • Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон
      • Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон
      • Федератсияи футболи Тоҷикистон
      • Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон
      • Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон
      • Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон
      • Федератсияи бадминтони Тоҷикистон
      • Федератсияи дзюдои Тоҷикистон
      • Федератсияи баскетболи Тоҷикистон
      • Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон
      • Федератсияи волейболи Тоҷикистон
      • Федератсияи бокси Тоҷикистон
      • Федератсияи камонварии Тоҷикистон
      • Федератсияи гуштини Тоҷикистон
      • Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон
      • Федератсияи ҷумнатикаи Тоҷикистон
      • Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон
      • Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон
      • Федератсияи тирандозии варзишии Тоҷикистон
      • Федератсияи шамшербозони Тоҷикистон
  • Programs
    • Sectoral programs
    • Useful links
    • Strategies
  • News
    • Committee news
    • Announcements
    • Events
    • Vacancies
    • Tenders
    • Photos
    • Video materials
  • Cooperation
  • Contacts
  • enEnglish
    • tjТоҷикӣ
    • ru_RUРусский
No Result
View All Result
  • Home
  • Committee
    • Regulations
    • Leaderships
    • Structure
    • Institutions and organizations
    • Educational institutions
    • Government offices
    • Laws
    • Codes
    • Regulations
    • History of the committee
  • Youth
    • Мақолаҳо
    • State youth policy
    • Education of patriotism
    • Scholarships and grants
  • Sport
    • Healthy lifestyle
    • Working with favorite teams
    • Sports schools
    • Sportsmen
    • Федератсияҳои варзиши Тоҷикистон
      • Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон
      • Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон
      • Федератсияи футболи Тоҷикистон
      • Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон
      • Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон
      • Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон
      • Федератсияи бадминтони Тоҷикистон
      • Федератсияи дзюдои Тоҷикистон
      • Федератсияи баскетболи Тоҷикистон
      • Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон
      • Федератсияи волейболи Тоҷикистон
      • Федератсияи бокси Тоҷикистон
      • Федератсияи камонварии Тоҷикистон
      • Федератсияи гуштини Тоҷикистон
      • Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон
      • Федератсияи ҷумнатикаи Тоҷикистон
      • Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон
      • Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон
      • Федератсияи тирандозии варзишии Тоҷикистон
      • Федератсияи шамшербозони Тоҷикистон
  • Programs
    • Sectoral programs
    • Useful links
    • Strategies
  • News
    • Committee news
    • Announcements
    • Events
    • Vacancies
    • Tenders
    • Photos
    • Video materials
  • Cooperation
  • Contacts
  • enEnglish
    • tjТоҷикӣ
    • ru_RUРусский
No Result
View All Result
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Youth Education of patriotism

ЭКСТРЕМИЗМ – ТАҲДИД БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

14.11.2024
in Education of patriotism

Фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ торафт мукаммал мегардад. Мақсади асосии экстремистон афзудани шумораи қурбониён, расонидани зарари зиёд ба давлат ва ҳукумат, тарғиби ғояҳои экстремизм ва терроризм тавассути шабакаҳои интернетӣ, истифода намудани мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ, мавҷудияти ҳолатҳои коррупсионӣ ва бюрократизм, истифодаи омилҳои гендерӣ, нокифоя истифода бурдани зарфиятҳои ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, истифода намудани ҷангиён-террористони баргашта, ҷалбкунии ҷавонон ба сафи ташкилотҳои байналмилалии экстремистию террористӣ, кӯшишҳои аз ҷониби ин ташкилотҳо тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ Тоҷикистон мебошад.

Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои байналмилалии экстремистиву террористӣ ва созмонҳову ташкилотҳое, ки онҳоро маблағгузорӣ мекунанд, ба назар мерасад. Ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ (дар кишварҳои хориҷӣ) одатан ба амалҳои барои ҷомеа хатарнок ишора мекунад, ки дар натиҷаи таҳаммулнопазирӣ нисбат ба гурӯҳҳои муайяни иҷтимоӣ ё этникӣ ба вуҷуд омадааст. Яъне бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст.

Чунин ҷиноятҳо боиси тафриқа дар ҷомеа шуда метавонанд, ки дар кишвар як ҳалқаи бераҳмона ва хушунати беасос ва вокуниши мақсаднокро ҳамчун аломати интиқом ба вуҷуд оранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки чунин ҷиноятҳо вокуниши фаврӣ ва қатъиро аз ҷониби мақомоти давлати барои пешгирии ҷиноятҳои хислати экстримидоштаро талаб мекунад. Бояд қайд намуд, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдори онҳо, инчунин шахсони дигари ҳуқуқӣ, ки ба ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти давлат, ошкор кардани сабабу шароити ба зуҳуроти экстремизм мусоидаткунанда, инчунин барои огоҳонӣ, ошкор, пешгирӣ, рафъ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ ва аз байн бурдани оқибатҳои он равона карда шудааст, нақши калидиро дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2023 қайд карданд: “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, “ҷанги сард”, таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем”.

Дар ибтидои асри ХХI экстремистон бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти худро ҷоннок намуда, ҷавононро ба шомилшавии гуруҳҳои тундрав ва ифтротӣ ҷалб намуда, амалҳои номатлуби зиддиинсониро бар зидди давлат ва ҳокимият амалӣ месозад.

Бояд ёдовар шуд, ки омилҳои таъсиррасон дар амалишавии таҳдидҳои экстремистиву террористӣ мусоидат мекунанд, аз он ҷумла: ташвиқ ва тарғиби идеологияи экстремистӣ ва террористӣ бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-телекоммуникатсионӣ, ҷалби шаҳрвандон аз он ҷумла ҷавонон ба сафи ташкилотҳои эктремистӣ ва террористӣ, ҳавасмандии молиявии шаҳрвандон ба гуруҳҳои эктремистӣ ва террористӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, бо назардошти тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ дар ҳудуди минтақа ва ғайра.

Амалҳои экстремистӣ ва террористӣ тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҷазо дода мешаванд, ба мисли ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ – ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 179, 179(1), 179(2), 179(3), 181, 182, 184, 184(1), 184(2), 184(3), 184(4), 185, 193, 194, 194(1), 194(2), 194(3), 194(4), 194(5), 310 ва 402 ва ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ – ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 306 (Бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият); моддаи 307. (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон); моддаи 307(1). Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм; моддаи 307(2). Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ); моддаи 307(3). Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ); моддаи 307(4). Ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта; моддаи 334 (1). Ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ.

Инчунин бояд қайд намуд, ки дар раванди тақвияти заминаҳои ниҳодии мубориза бо экстремизм ва терроризм дар сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати муқовимат ба экстремизм ва терроризм таъсис дода шуда, Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти оперативӣ ва воҳидҳои тафтишотӣ, инчунин ошкор ва тафтиш намудани ҷиноятҳои марбут ба ҷалбкунии шаҳрвандон ба сафи ташкилотҳои террористӣ созмон дода шуда, ҷиҳати пешгирӣ намудани амалҳои террористии омодашудаистода, муайян намудани шахсони дар ҳудуди Тоҷикистон ба фаъолияти экстремистию террористӣ машғулбуда чораҳои доимии фаврӣ андешида мешаванд.

Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки: “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд. Дар робита ба ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад. Аз ин рӯ, ба Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо масъалаи таъсиси маркази зикршударо омӯхта, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.

Бояд қайд намуд, ки супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд аз дар ҳамоҳангӣ аз ҷониби Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ “Маркази ягонаи иттилоотӣ” дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 окятбри соли 2023 таъсис дода шуд.

Дар марҳилаи кунунӣ баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, тақвияти ҳамкориҳои онҳо бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти коҳиш додан, кам ва паст намудани хавфу таҳдиди экстремизм ва терроризм, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон тавассути ташвиқу тарғиб, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, гиромӣ доштани урфу одатҳои миллӣ, фарҳангӣ, ташаккули фазои таҳаммулпазирӣ, инчунин тақвияти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва таъмини волоияти қонун вазифаи давлату ҳукумат ва ҳар як шахси ватандуст мебошад, ки аз баланд будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон далолат медиҳад.

Эргаш АХМЕДОВ,

дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии Академия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Next Post
УБАЙДУЛЛО АСРОРЗОДА РАИСИ НАВИ ФЕДЕРАТСИЯИ ВАРЗИШИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ГАРДИД

УБАЙДУЛЛО АСРОРЗОДА РАИСИ НАВИ ФЕДЕРАТСИЯИ ВАРЗИШИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ГАРДИД

Тавсияшуда

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ишкошим Варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ намуданд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ишкошим Варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ намуданд

8 months ago
Иштироки тими гӯштини Тоҷикистон дар мусобиқаи “Ҷоми бошгоҳҳои ҷаҳон” дар Теҳрон

Иштироки тими гӯштини Тоҷикистон дар мусобиқаи “Ҷоми бошгоҳҳои ҷаҳон” дар Теҳрон

4 months ago

Popular news

  • 8 ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи Tbilisi Grand Slam 2025 иштирок мекунанд

    8 ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи Tbilisi Grand Slam 2025 иштирок мекунанд

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАБОИ АСР ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • Дар Шаҳринав фестивали футбол таҳти унвони “AFC Women’s Football Day 2025” баргузор гашт

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибофро ба ҳузур пазируфтанд

    0 shares
    Share 0 Tweet 0

Бо мо дар тамос бошед

We are on social networks

"Youth of Tajikistan" newspaper


tarbiyai_jismoni Дастурамал ҷиҳати қабули меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Sections

  • Programs
  • Sectoral programs
  • Без рубрики
  • Sport
  • Sportsmen
  • Video materials
  • Working with favorite teams
  • Committee
  • Laws
  • Sports schools
  • Мақолаҳо
  • Media
  • Regulatory acts
  • State youth policy
  • Youth policy
  • Scholarships and grants
  • Strategies
  • Photos
  • Education of patriotism
  • Healthy lifestyle
  • Regulations
  • Activity
  • News
  • Committee news
  • Cooperation
  • Documentation
  • Events
  • Youth
  • Vacancies
  • Announcements

Useful links

  • Home
  • Contacts
  • Reception
  • About committee
  • Leaderships
  • Structure
  • Reception schedule
  • Appeal to the chairman
  • Announcements

About Us

Академикҳо, Раҷабовҳо 3

Теl.  372 21 1829

Email: kumitaijavonon@internet.ru

  • About committee
  • Contacts
  • Reception

© 2024

No Result
View All Result
  • Home
  • News
  • Committee
  • Sport
  • Youth policy
  • Committee news
  • Documentation
  • Laws
  • Regulatory acts
  • Regulations
  • Photos
  • Media
  • Video materials
  • Activity

© 2024

en
tj ru_RU en