• Emblem
  • Flag
  • Anthem
Thursday, May 22, 2025
No Result
View All Result
Youth of Tajikistan
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Contact us:
+992 37 21 1829
  • Home
  • Committee
    • Regulations
    • Leaderships
    • Structure
    • Institutions and organizations
    • Educational institutions
    • Government offices
    • Laws
    • Codes
    • Regulations
    • History of the committee
  • Youth
    • Мақолаҳо
    • State youth policy
    • Education of patriotism
    • Scholarships and grants
  • Sport
    • Healthy lifestyle
    • Working with favorite teams
    • Sports schools
    • Sportsmen
    • Федератсияҳои варзиши Тоҷикистон
      • Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон
      • Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон
      • Федератсияи футболи Тоҷикистон
      • Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон
      • Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон
      • Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон
      • Федератсияи бадминтони Тоҷикистон
      • Федератсияи дзюдои Тоҷикистон
      • Федератсияи баскетболи Тоҷикистон
      • Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон
      • Федератсияи волейболи Тоҷикистон
      • Федератсияи бокси Тоҷикистон
      • Федератсияи камонварии Тоҷикистон
      • Федератсияи гуштини Тоҷикистон
      • Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон
      • Федератсияи ҷумнатикаи Тоҷикистон
      • Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон
      • Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон
      • Федератсияи тирандозии варзишии Тоҷикистон
      • Федератсияи шамшербозони Тоҷикистон
  • Programs
    • Sectoral programs
    • Useful links
    • Strategies
  • News
    • Committee news
    • Announcements
    • Events
    • Vacancies
    • Tenders
    • Photos
    • Video materials
  • Cooperation
  • Contacts
  • enEnglish
    • tjТоҷикӣ
    • ru_RUРусский
No Result
View All Result
  • Home
  • Committee
    • Regulations
    • Leaderships
    • Structure
    • Institutions and organizations
    • Educational institutions
    • Government offices
    • Laws
    • Codes
    • Regulations
    • History of the committee
  • Youth
    • Мақолаҳо
    • State youth policy
    • Education of patriotism
    • Scholarships and grants
  • Sport
    • Healthy lifestyle
    • Working with favorite teams
    • Sports schools
    • Sportsmen
    • Федератсияҳои варзиши Тоҷикистон
      • Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон
      • Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон
      • Федератсияи футболи Тоҷикистон
      • Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон
      • Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон
      • Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон
      • Федератсияи бадминтони Тоҷикистон
      • Федератсияи дзюдои Тоҷикистон
      • Федератсияи баскетболи Тоҷикистон
      • Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон
      • Федератсияи волейболи Тоҷикистон
      • Федератсияи бокси Тоҷикистон
      • Федератсияи камонварии Тоҷикистон
      • Федератсияи гуштини Тоҷикистон
      • Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон
      • Федератсияи ҷумнатикаи Тоҷикистон
      • Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон
      • Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон
      • Федератсияи тирандозии варзишии Тоҷикистон
      • Федератсияи шамшербозони Тоҷикистон
  • Programs
    • Sectoral programs
    • Useful links
    • Strategies
  • News
    • Committee news
    • Announcements
    • Events
    • Vacancies
    • Tenders
    • Photos
    • Video materials
  • Cooperation
  • Contacts
  • enEnglish
    • tjТоҷикӣ
    • ru_RUРусский
No Result
View All Result
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Committee

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 ДОИР ШУД

21.04.2025
in Committee, Activity, News, Committee news
ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 ДОИР ШУД

Имрӯз, 21 – уми апрели соли 2025 дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон дар толори Муассисаи давлатии Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти роҳбарии Зулфиқор Гулаҳмадзода – Раиси Кумита ва бо иштироки муовини якум ва муовинони Раис, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ, роҳбарони сохтор ва зерсохтори Кумита дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва кормандони Дастгоҳи марказии Кумита ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Кумита дар семоҳаи якуми нимсолаи аввали соли 2025 ва вазифагузориҳо то ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид.

Маврид ба ёдоварист, ки пеш аз оғози ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовара роҳбарияти Кумита аз дастовард ва шароиту имконоти таҳсили ҷавонони дар Муассисаи давлатии Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба таҳсил фарогирифташуда дидан намуда, зимни суҳбат бо донишҷӯёни муассиса барои самаранок истифода бурдани чунин имконоти муосири тадрис дар чунин як бинои муҷҷаҳазу зебои навбунёд таъкид намуда, иброз доштанд, ки ҳар лаҳзаи умрро ғанимат шуморед ва дар чунин шароити хуб ҳар яки шумо бояд пеши худ ҳадаф гузоред, ки беҳтарин мутахассиси сатҳи байналмилалӣ мешавед.

Зимнан роҳбарияти Кумита ва ҳайати ҳамроҳи он дар Литсейи касбӣ-саноатии кимиёвии шаҳри Левакант, ки дар шафати Муассисаи давлатии Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон қарор дорад аз осорхонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боздид намуданд.

Ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовара бо суханони ифтитоҳии Раиси Кумита оғоз гардида, вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти сохтор ва зерсохторҳои Кумита дар семоҳаи якуми нимсолаи аввали соли 2025 аз ҷониби муовини якуми Раиси Кумита ҳисоботи муфассал ироа гардид.

Ҳамзамон сардорони Раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиши вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ВМКБ аз натиҷаи фаъолияти соҳа давоми семоҳаи сипаригардида дар ҳудуди минтақаи худ ҳисобот пешниҳод намуда, барои ислоҳи мушкилиҳои ҷойдошта аз ҷониби роҳбарият дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Сипас, муовинони соҳавӣ фаъолияти соҳаи кор бо ҷавонон ва варзишро дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мутобиқи ҷадвали махсус мавриди таҳлил қарор дода, натиҷаи таҳлилро тавассути ҳисоботи таҳлилӣ ироа намуданд.

Аз натиҷаи ҳисоботи ироа шуда фаъолити сохтор ва зерсохтори Кумита давоми семоҳаи якуми нимсолаи аввали соли 2025 натиҷагирӣ карда шуда, Раиси Кумита, ҷиҳати иҷрои пурра ва самараноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои низомномавии Кумита, инчунин бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва бозҳам беҳтар намудани фаъолият то ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2025 ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.

Зимнан ҳамаи масъулини сохтор ва зерсохтори Кумита вобаста ба истиқбол ва таҷлили бошукӯҳи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол дар тамоми қаламрави кишвар вазифадор карда шуда, ҳамзамон талаб карда шуд, ки дар раванди ҳассоси ҷаҳонгароӣ зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷиҳати ба роҳи рости ватандориву ватандӯстӣ ҳидоят намудани ҷавонон ва баланд бардоштани нуфӯзи варзиши тоҷик аз тамоми фишангҳои солиму созанда истифода намоянд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ва аҳолӣ бояд дар тарбияи насли бофарҳангу босавод ва огоҳу масъулиятшинос, тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷомеа ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва иҷроиши нақшаҳои ба тасвибрасида пайваста чораҳо андешида шаванд.

Дар интиҳои ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовара, ки дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон доир шуд, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

МАРКАЗИ ТАҲЛИЛ ВА ИТТИЛООТИ КУМИТА 

Next Post
Мулоқоти Раиси Кумита бо роҳбари Дафтари ҳамоҳангсозии байналмилалии Туркия дар Душанбе (ТИКА)

Мулоқоти Раиси Кумита бо роҳбари Дафтари ҳамоҳангсозии байналмилалии Туркия дар Душанбе (ТИКА)

Тавсияшуда

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи миллии «Ала Арча»-и Ҷумҳурии Қирғизистон боздид намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи миллии «Ала Арча»-и Ҷумҳурии Қирғизистон боздид намуданд

2 months ago
Мусобиқаи варзишӣ аз намуди бокс дар ВМКБ ҷамъбаст гардид

Мусобиқаи варзишӣ аз намуди бокс дар ВМКБ ҷамъбаст гардид

3 years ago

Popular news

  • ҶАВОНОН ОЯНДАВУ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ!

    ҶАВОНОН ОЯНДАВУ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ!

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • ДУШАНБЕ – ПОЙТАХТИ ТОҶИКОН ВА ШАҲРИ СУЛҲ. Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид.

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ- ХАТАРИ ҶИДДИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОН ДАР ШАРОИТИ ИМРӮЗА

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • ПАРЛУМОНИ КАСБӢ ДАР ТАРБИЯИ ФАРҲАНГИ ҲУҚУҚИИ ҶАВОНОНИ КИШВАР САҲМИ МУНОСИБ ДОРАД

    0 shares
    Share 0 Tweet 0

Бо мо дар тамос бошед

We are on social networks

"Youth of Tajikistan" newspaper


tarbiyai_jismoni Дастурамал ҷиҳати қабули меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Sections

  • Programs
  • Sectoral programs
  • Без рубрики
  • Sport
  • Sportsmen
  • Video materials
  • Working with favorite teams
  • Committee
  • Laws
  • Sports schools
  • Мақолаҳо
  • Media
  • Regulatory acts
  • State youth policy
  • Youth policy
  • Scholarships and grants
  • Strategies
  • Photos
  • Education of patriotism
  • Healthy lifestyle
  • Regulations
  • Activity
  • News
  • Committee news
  • Cooperation
  • Documentation
  • Events
  • Youth
  • Vacancies
  • Announcements

Useful links

  • Home
  • Contacts
  • Reception
  • About committee
  • Leaderships
  • Structure
  • Reception schedule
  • Appeal to the chairman
  • Announcements

About Us

Академикҳо, Раҷабовҳо 3

Теl.  372 21 1829

Email: kumitaijavonon@internet.ru

  • About committee
  • Contacts
  • Reception

© 2024

No Result
View All Result
  • Home
  • News
  • Committee
  • Sport
  • Youth policy
  • Committee news
  • Documentation
  • Laws
  • Regulatory acts
  • Regulations
  • Photos
  • Media
  • Video materials
  • Activity

© 2024

en
tj ru_RU en