• Emblem
  • Flag
  • Anthem
Monday, June 16, 2025
No Result
View All Result
Youth of Tajikistan
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Contact us:
+992 37 21 1829
  • Home
  • Committee
    • Regulations
    • Leaderships
    • Structure
    • Institutions and organizations
    • Educational institutions
    • Government offices
    • Laws
    • Codes
    • Regulations
    • History of the committee
  • Youth
    • Мақолаҳо
    • State youth policy
    • Education of patriotism
    • Scholarships and grants
  • Sport
    • Healthy lifestyle
    • Working with favorite teams
    • Sports schools
    • Sportsmen
    • Федератсияҳои варзиши Тоҷикистон
      • Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон
      • Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон
      • Федератсияи футболи Тоҷикистон
      • Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон
      • Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон
      • Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон
      • Федератсияи бадминтони Тоҷикистон
      • Федератсияи дзюдои Тоҷикистон
      • Федератсияи баскетболи Тоҷикистон
      • Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон
      • Федератсияи волейболи Тоҷикистон
      • Федератсияи бокси Тоҷикистон
      • Федератсияи камонварии Тоҷикистон
      • Федератсияи гуштини Тоҷикистон
      • Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон
      • Федератсияи ҷумнатикаи Тоҷикистон
      • Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон
      • Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон
      • Федератсияи тирандозии варзишии Тоҷикистон
      • Федератсияи шамшербозони Тоҷикистон
  • Programs
    • Sectoral programs
    • Useful links
    • Strategies
  • News
    • Committee news
    • Announcements
    • Events
    • Vacancies
    • Tenders
    • Photos
    • Video materials
  • Cooperation
  • Contacts
  • enEnglish
    • tjТоҷикӣ
    • ru_RUРусский
No Result
View All Result
  • Home
  • Committee
    • Regulations
    • Leaderships
    • Structure
    • Institutions and organizations
    • Educational institutions
    • Government offices
    • Laws
    • Codes
    • Regulations
    • History of the committee
  • Youth
    • Мақолаҳо
    • State youth policy
    • Education of patriotism
    • Scholarships and grants
  • Sport
    • Healthy lifestyle
    • Working with favorite teams
    • Sports schools
    • Sportsmen
    • Федератсияҳои варзиши Тоҷикистон
      • Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон
      • Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон
      • Федератсияи футболи Тоҷикистон
      • Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон
      • Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон
      • Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон
      • Федератсияи бадминтони Тоҷикистон
      • Федератсияи дзюдои Тоҷикистон
      • Федератсияи баскетболи Тоҷикистон
      • Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон
      • Федератсияи волейболи Тоҷикистон
      • Федератсияи бокси Тоҷикистон
      • Федератсияи камонварии Тоҷикистон
      • Федератсияи гуштини Тоҷикистон
      • Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон
      • Федератсияи ҷумнатикаи Тоҷикистон
      • Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон
      • Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон
      • Федератсияи тирандозии варзишии Тоҷикистон
      • Федератсияи шамшербозони Тоҷикистон
  • Programs
    • Sectoral programs
    • Useful links
    • Strategies
  • News
    • Committee news
    • Announcements
    • Events
    • Vacancies
    • Tenders
    • Photos
    • Video materials
  • Cooperation
  • Contacts
  • enEnglish
    • tjТоҷикӣ
    • ru_RUРусский
No Result
View All Result
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Youth Мақолаҳо

Модар нахустин устод ва домони покаш аввалин дабистони ҳар яки мост

10.03.2025
in Мақолаҳо, State youth policy, News, Youth
Модар нахустин устод ва домони покаш аввалин дабистони ҳар яки мост

ДУШАНБЕ, 06.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз замоне, ки инсоният шуури комил пайдо намуду муҳаббатро эҳсос кард ва ба суханпардозӣ шуруъ намуд, Зан-Модарро васф месозад. Аммо то ҳанӯз он ҳама мақому манзалат, хидмат ва хусусияти хоси модарро ҳатто суханварони варзидаи олам натавонистаанд, ки ифшо намоянд.

Дар адабиёти тоҷику форс мавзуи модар ҷойгоҳи хосса дорад. Дар ҳама гуна ашъори шоирону нависандагон қудрат, иффат, муҳаббат, ҷасорат ва симои моҳтобии модар ба таври густурда ва моҳирона инъикос гардидааст.

Абулқосим Фирдавсӣ симои зани тоҷикро, ки барои ҳимояи Ватан ва марзу буми аҷдодӣ мубориза менамояд, дар симои Гурдофарид таҷассум намудааст. Инчунин шоирону нависандагони муосири тоҷик Зан-Модарро соҳибтаҳаммулу хирадманд баҳо додаанд, ки барҳақ дуруст аст.

Аз рӯзе, ки Тоҷикистон соҳибихтиёр гардид ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат пойдор шуд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои занон ва мавқеи онҳо дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд.

Бо баробарҳуқуқ нишон додани мақоми зану мард дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳанӯз соли 1999 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007- 2016, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳибкории занон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон барои солҳои 2011- 2020» қабул гадиданд, ки ҳамаи ин далели баланд бардоштани мақому манзалати Зан-Модари тоҷик дар ҷомеа мебошад.

Зани соҳибмаърифат дар тарбияю ташаккули ҷомеаи солим нақши басе созанда мегузорад. Муҳимияти инро ба назар гирифта, ҳанӯз соли 1997 дар мамлакат барои духтарони лаёқатманди деҳоти дурдаст квотаи президентӣ таъсис ёфт. Тавассути он имрӯз ин духтарони деҳоти дурдаст соҳиби ихтисосу касбҳои мухталиф гардида, ҳоло ҳамчун мутахассисони баландихтисос дар вазифаҳои гуногун дар вазорату идораҳои давлатӣ фаъолият менамоянд.

Ташаббусҳои Сарвари давлат дар бораи таъмини иштироки занон дар сатҳи қабули қарор, намояндагии онҳо дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, фаъолияти онҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат занони тоҷикро барои назаррас гардонидани мавқеи худ ҳавасманд гардонид ва барои худсозии онҳо имконияти мусоид фароҳам овард.

Симои нави зани роҳбар дар замони соҳибистиқлолӣ ташаккул ёфта, ҷомеа аз он ба хушӣ пазироӣ намуд.

Занон дар раванди таҳкими давлатдории миллӣ рисолати нигоҳдорандаи фарҳанг, забон, урфу одат ва анъанаҳо, ҳифзкунандаи муқаддасоти оила ва тарбияи фарзанд ва ходими фаъоли ҷамъиятию давлатиро адо менамоянд.

Ҳамасола Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани мавқеъ ва нуфузи занон дар ҷомеа пайваста вазифагузорӣ намуда, ҷиҳати татбиқи самараноки сиёсати гендерӣ намунаи беҳтарини иродаи сиёсӣ нишон медиҳанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақому манзалат, қадру қимат ва иззату эҳтироми занону модарон арҷ гузошта, мунтазам иброз медоранд, ки «сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯйи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад, аз рӯйи он арзёбӣ мегардад, ки занон чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд».

Дар пайравӣ ба сиёсати Пешвои миллат, ҳукумату давлат барои риояи ҳуқуқҳои баробари занону мардон мунтазам чораҳои заруриро амалӣ менамоянд. Имрӯз дар баробари мардон занону духтарон низ фаъолияти пурмаҳсул дошта, дар тарбияи ҷавонон ва омодасозии қадрҳои баландихтисос дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувори мамлакат саҳм мегузоранд.

Дар оянда низ бобати баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа боз ҳам тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ баён намуданд, ки «давлатдории миллии мо давраҳои ҳассосу хавфбори зиёдеро паси сар кард ва доғу дарди онҳоро занону модарон дучанд эҳсос намуданд. Маҳз ҳамин ҳолат ҳамаи моро водору вазифадор менамояд, ки нисбат ба равандҳои ҷомеа ҳаргиз мавқеи бетарафӣ нагирем, тарбиятгари фаъоли онҳое бошем, ки ояндаро вогузорашон хоҳем кард.

Дар ин самт шумо, модарони азиз, метавонед роҳнамои содиқу самимӣ барои фарзандон бошед ва бо қудрати офаридгории худ пеши роҳи ҳама гуна ифроту терроризмро гирифта, ҳидоятгари ҷомеа ба сӯи ояндаи дурахшон бошед».

Зани тоҷик шахси соҳибхирад, инсони дарёдил, омӯзгори рӯзгор, фарди саховатманду адолатхоҳ ва зебою бомаҳорат эътироф гардида, дар замони истиқлолият мақому манзалати волоро дар ҷомеа дарёфт ва аз ҳамаи ҳуқуқу имконият бархӯрдор гардид. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки занони мамлакат дар рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи Тоҷикистон нақши бориз мегузоранд.

Модар барои ҳар яке нахустин устод ба шумор меравад. Ба ҳамин хотир бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар мамлакат 8 март ҳамчун Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад. Ба қавли Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “8 март ҳамчун Рӯзи Модар ба хотире номгузорӣ гардидааст, ки эҳтироми амиқу арҷгузории хоссаи худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созем. Зеро аслу ҷавҳари Рӯзи Модарро муҳаббату самимият, покию садоқат нисбат ба Зан-Модар ташкил медиҳад. Дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани ҷашни модарону духтарони соҳибэҳтироми мамлакат нишонаи сари таъзим фуруд овардан назди олиҳае аст, ки тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсоният сарф менамояд. Аз ин рӯ мо, фарзандони шуҷоъ ва ғамхори ватан бояд ба қадру манзалат ва бузургии Модар арҷ гузорем”.

Дар воқеъ, бесабаб нест, ки дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон, махсусан миллати тоҷик хираду заковат ва бузургии модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, нигоҳдорандаи ҷароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву некукорӣ ситоиш ёфтааст, ки барҳақ аст. Имрӯз Ҳукумату давлат ва ҳар фарди ҷомеа ба азму ирода ва талоши ватанхоҳонаи модари тоҷик эҳтиром мегузоранд, чунки Зан-Модари тоҷик бо вуҷуди сахтиҳои зиндагӣ ба тарбияи насли ҷавон, ки ояндасозони давлат ном бурда мешаванд, ҳастияшро бахшидааст.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд, “умедворем, ки занону модарони арҷманди мо ин рисолати муҳими иҷтимоии худро чун ҳарвақта амиқ дарк карда, барои ташкили оилаи солим, тарбияи фарзандони солеҳу хушахлоқ, соҳибмаърифату донишманд ва ташаккули ҷомеаи ободу озод ҳиссаи арзишманд мегузоранд”.

Шоирони тоҷик низ Зан- Модарро дар меҳвари ашъору эҷодиёт қарор дода, бо номи поки Модар шеър навиштаанд.

Эй кошки то абад намирад Модар
Ё ҳастии ҷовидон бигирад Модар.
Меҳр аст саросару вуҷудаш то ҳаст,
Эй кошки поён напазирад Модар.

Бо ҳамин нияти нек ба ҳама занону духтарон ва модарони Тоҷикистони азиз нуру сафо, ваҳдату оромӣ, хушбахтию иқболи нек ва файзу баракат орзу менамоем.

Зулфиқор ГУЛАҲМАДЗОДА,
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр аз АМИТ Ховар

Next Post
Дар Шаҳринав фестивали футбол таҳти унвони “AFC Women’s Football Day 2025” баргузор гашт

Дар Шаҳринав фестивали футбол таҳти унвони “AFC Women’s Football Day 2025” баргузор гашт

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Тавсияшуда

ҲАМОИШИ ҶАВОНОНИ СОҲАИ РАДИО ВА ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

ҲАМОИШИ ҶАВОНОНИ СОҲАИ РАДИО ВА ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

8 months ago
ДИҚҚАТ! КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

ДИҚҚАТ! КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

5 months ago

Popular news

  • 8 ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи Tbilisi Grand Slam 2025 иштирок мекунанд

    8 ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи Tbilisi Grand Slam 2025 иштирок мекунанд

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАБОИ АСР ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • Дар Шаҳринав фестивали футбол таҳти унвони “AFC Women’s Football Day 2025” баргузор гашт

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибофро ба ҳузур пазируфтанд

    0 shares
    Share 0 Tweet 0

Бо мо дар тамос бошед

We are on social networks

"Youth of Tajikistan" newspaper


tarbiyai_jismoni Дастурамал ҷиҳати қабули меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Sections

  • Programs
  • Sectoral programs
  • Без рубрики
  • Sport
  • Sportsmen
  • Video materials
  • Working with favorite teams
  • Committee
  • Laws
  • Sports schools
  • Мақолаҳо
  • Media
  • Regulatory acts
  • State youth policy
  • Youth policy
  • Scholarships and grants
  • Strategies
  • Photos
  • Education of patriotism
  • Healthy lifestyle
  • Regulations
  • Activity
  • News
  • Committee news
  • Cooperation
  • Documentation
  • Events
  • Youth
  • Vacancies
  • Announcements

Useful links

  • Home
  • Contacts
  • Reception
  • About committee
  • Leaderships
  • Structure
  • Reception schedule
  • Appeal to the chairman
  • Announcements

About Us

Академикҳо, Раҷабовҳо 3

Теl.  372 21 1829

Email: kumitaijavonon@internet.ru

  • About committee
  • Contacts
  • Reception

© 2024

No Result
View All Result
  • Home
  • News
  • Committee
  • Sport
  • Youth policy
  • Committee news
  • Documentation
  • Laws
  • Regulatory acts
  • Regulations
  • Photos
  • Media
  • Video materials
  • Activity

© 2024

en
tj ru_RU en