Имрӯз, 19 – уми марти соли 2025 дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд маросими истиқболи ҳайати иштирокчиёни Фестивали ҷаҳонии ҷавонон “Navruz Youth World Festival” бо як шукӯҳу шаҳомати хосса доир гардида, масъулини вилоят ва шаҳри Хуҷанд ҷавонони иштирокчиро дар саҳни Қалъаи фарҳангиву бостонии Хуҷанд гарму самимӣ истиқбол намуданд.
Сипас, дар толори зебову боҳашамати Қалъаи Хуҷанд Раиси вилояти Суғд – Раҷаббой Аҳмадзода якҷо бо Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зулфиқор Гулаҳмадзода бо ҳайти ҷавонони хориҷӣ иштирокчии Фестивали байналмилалии ҷавонон дидору суҳбат намуданд.
Раиси вилоят, ҷавонони иштирокчии чорабинии байналмилалиро ба истиқболи Наврӯзи оламафрӯз таҳният гуфта, қудуми онҳоро ба кишвари офтобии Тоҷикистон, бахусус вилояти Суғд самимона хайрамақдам намуда, ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар барои устуворгардонии пайванди дӯстӣ миёни ҷавонони кишварҳои олам ва роҳандозии чунин як чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ изҳори ташаккур намуданд.
Раиси Кумита дар навбати хеш дар шахсияти роҳбарияти вилоят ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати ҳамкориву ҳамоҳангӣ дар баргузории Фестивали ҷаҳонии ҷавонон “Navruz Youth World Festival” арзи сипосу миннатдорӣ баён дошта, ба кори фестивал барору музаффарият таманно намуданд.
Зимнан, роҳбарони ҳайатҳои ҷавонони кишварҳои иштирокчии Фестивал низ суханронӣ намуда, ба Ҳукумати кишвар ҷиҳати дар чунин як фазои хубу гуворои идонаи баҳорӣ ба ҳам овардани қалбҳои ҷавонон бо мақсади таҳкими сулҳу дӯстӣ миёни ҷавонони кишварҳои иштирокчӣ арзи ташаккури ҷониби кишвари хешро баён доштанд.
Ҳаминтавр, баъд аз суҳбати расмӣ ҳайати иштирокчиёни Фестивали ҷаҳонии ҷавонон “Navruz Youth World Festival”, ки Кумита ин чорабиниро дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони миллали муттаҳид роҳандозӣ намудааст, аз фазои сайёҳиву таърихии Қалъаи Хуҷанд боздид ба амал оварданд.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита