Имрӯз, 16 – уми марти соли 2025 дар толори калони Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи расмии Фестивали ҷаҳонии ҷавонони “NAVRUZ YOUTH WORLD FESTIVAL” доир гардид.
Маросими ифтитоҳ бо иштироки роҳбарияти Кумита, ҳайати ҷавонони 26 кишвари ҷаҳон, роҳбарияти намояндагиҳои Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай, намояндагони ташкилотҳи байналмилалӣ ва ҷавонони фаъоли кишвари мизбон баргузор гардид.
Нахуст, ҷаласаи умумии чорабинӣ доир шуда, дар он ҷонибҳо атрофи мавзуи “Наврӯз ҳамчун рамзи навсозӣ ва ҳамоҳангӣ бо табиат” суханронӣ намуда, аз мавқеъи кишвари худ доир ба ин ҷашни байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Пеш аз оғози чорабинӣ дар шафати Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади равшани андохтан ба расму ойини неки Наврӯзӣ аз ҷониби аҳли ҳунари театр намоишномаи театрикунонидашудаи Наврӯзи пешкаши меҳмонон гардонида шуда, сипас бо нону намак меҳмононро самимона дар дароматгоҳи китобхона истиқбол намуда, ба онҳо рамзи чорабинии байналмилалӣ ва туҳфаи Наврӯзӣ эҳдо карда шуд. Сипас меҳмонон аз гӯшаи намоишгоҳи ҷашнии Наврӯзи дар дохили китобхона дидан намуда, ба дохили толори расми ворид шуданд.
Чорабинӣ намоиши филми кӯтоҳметражи наврӯзи ибтидо ёфта, сипас, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зулфиқор Гулаҳмадзода ҳайати ҷавонони аз кишварҳои хориҷ ба фестивал ташриф оварда ва ҳозиринро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик намуда, қудуми онҳоро ба кишвари ҷавонон – Тоҷикистони офтобӣ хайрамақдам гуфтанд.
Дарҷ шуд, ки дар ҷаҳони муосир нақши ҷавонон дар ташаккули оянда торафт муҳимтар мегардад. Ба шумо, ҷавонон, вобаста аст, ки ҷаҳонеро, ки дар асоси принсипҳои эҳтироми ҳамдигар, таҳаммулпазирӣ ва ҳамкорӣ асос ёфтааст, бунёд намоед. Тоҷикистон пайваста аз ташаббусҳои ҷавонон, ки ба рушди илм, инноватсия, варзиш ва соҳибкорӣ нигаронида шудаанд, дастгирӣ мекунад. Сиёсати давлатии кишвари мо ба тарбияи шаҳрвандони ватандӯсту соҳибмаърифат ва фаъол, ки тавонанд кишвари худро дар арсаи байналмилалӣ сазовор муаррифӣ намоянд, равона гардидааст.
Ҳаминтавр роҳбарони ҳайатҳои ҷавонон 26 кишвари дар чорабини қарор дошта суханронӣ намуда, ба фазои баргузории фестивали мазкур ва сиёсати сулҳҷӯёнаву ҷавонпарваронаи кишвари Тоҷикистон баҳои баланд доданд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival» як чорабинии байналмилалӣ мебошад, ки ҳадафи он муттаҳид намудани ҷавонони кишварҳои гуногун дар рӯҳияи дӯстӣ, мубодилаи фарҳангӣ ва рушди устувор аст. Ин фестивал, ки аз анъанаҳои Наврӯз илҳом гирифтааст, рамзи навсозӣ, ягонагӣ ва сулҳи байни миллатҳо мебошад.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита