Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007, №225 ” Дар бораи Рӯзи Дави миллӣ” ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ маъракаи умумимиллии дав барои солимӣ ва оммавияти варзиш доир карда мешавад.
Вобаста ба ин имрӯз санаи 19-уми майи 2024 дар маркази ноҳия маъракаи оммавӣ -варзишии “Дави миллӣ” баргузор гардид, ки дар он Раиси ноҳия Балҷувон муҳтарам Сафарзода Бахтиёр Ғани ва кормандони ташкилоту мауассисаҳо ва наврасону ҷавонони аз 15 то 50-сола боло фаъолона иштирок намуданд.
Оғоз аз соати 8:00 шурӯъ гардида, Масофаи “Дави миллӣ” аз 3км 5км ва 10 километрро дарбар гирифта, иштирокчиён аз деҳаи калтачанор тавассути роҳи асосӣ то маркази ноҳия байни ҳам сабқат намуданд.
Раиси ноҳия Сафарзода Бахтиёр зимни суханронӣ зикр намуд, ки Ҳамасола санаи 23-уми май, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишварамон “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” таҷлил карда мешавад.
Варзиш роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат ва дӯстӣ мебошад.
Боиси хушнудист, ки дар шароити имрӯзаи рушд ва дар доираи татбиқи сиёсати созанда ва варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маркази он ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим инъикос меёбад, рӯ овардан ба варзиш машғулияти асосии мардум, ба хусус наврасону ҷавонон гардидааст”.
Бояд қайд намуд, ки чорабинӣ дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуда, дар охир бо ғолибон ифтихорнома ва тӯҳфаҳои Раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
