Имрӯз, 19 – уми марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар доираи барномаи Фестивали ҷаҳонии ҷавонон бо иштироки ҳайатҳои васеи се кишвар Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Ӯзбекистону Қирғизистон таҳти унвони “Ҳамкорӣ барои рушди устувор” ба кори худ оғоз намуд, ки форуми мазкур дар доираи сессияҳои алоҳида то интиҳои рӯз идома меёбад.
Ёдовар мешавем, ки зимни кушодашавии форуми мазкур Раиси Кумита ва Раиси вилоят иштироку суханронӣ намуда, барои таҳкими муносибатҳои дӯстона ва рушди ҳамкориҳо миёни ҷавонони се кишвари ҳамсарҳаду ҳамсояи дӯст дар доираи форум барору музаффарият таманно намуданд.
Зимнан, давоми рӯз дар доираи ҷаласаҳои Форум миёни ҳайатҳои ҷавонони иштирокчии се кишвар мавзуву масълаҳои ҳамкории ҷавонон калиди рушди устувор, рушди соҳибкории ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамбастагии иҷтимоӣ ва устуворӣ дар роҳи ҳали мушкилотҳо, мушкилоти экологии минтақа аз нигоҳи ҷавонон ва масъалаи муаррифии ташаббусҳои муштараки таҳияшуда ва харитаи роҳи ҳамкорӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода мешавад.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита