20-уми майи сол равон дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон-23 май” чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Мо, ҷавонон насли хушбахти Тоҷикистонем” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ Сайнак, намояндаи Иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,намочндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва роҳбарияту донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ширкат намуданд.
Лозим ба зикр аст, ки чорабинӣ дар доираи моҳвораи ҷавонон баргузор гардида, дар якқатор озмунҳо, аз ҷумла футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми ректори донишгоҳ” ва “Волейбол” дар байни омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯписарони 14 факултет натиҷагирӣ карда шуда, ғолибони озмуну мусобиқаҳо бо ифтихорнома ва сипосномаҳои донишгоҳ, кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба хотири болидарӯҳии ҳозирин аз тарафи ансамбли “Чеҳранамо”-и донишгоҳ барномаи консертӣ пешниҳоди ҳозирин гардид, ки рангиниву дилнишинии сурудҳои барнома ба қалбҳои иштирокдорон шодиву фараҳ бахшид.