Имрӯз, 25 – уми феврали соли 2025 дар ноҳияи Хуросон бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти ноҳия ва ҳайати ҷавонони фаъол ва гирандагони стипендияҳои Президентӣ, ноҳиявӣ ва вилоятӣ таҳти унвони “ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” ҳамоиш баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ, раиси ноҳияи Хуросон – Суризода Носир меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба дастовардҳои ҷавонон ва варзишгарони ноҳия ишора кард. Вай бо ифтихор ёдовар шуд, ки ҷавонон ва варзишгарони ноҳия дар чорабиниҳои варзишӣ ва иҷтимоии кишвар нақши муҳими худро доранд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода дар суханрони худ оид ба сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Сарвари давлат барои ҷавонон ва варзишгарон ҳарф зад. Вай таъкид намуд, ки Пешвои миллат пайваста барои рушди зеҳнӣ, фарҳангӣ ва варзишии ҷавонон чораҳои муассир андешида, онҳоро ба амалӣ намудани ормонҳои миллӣ ва рушди ҷомеа ҳидоят менамояд.
Ироа шуд, ки маҳз сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти кишвар кӯмак мекунад, ки ҷавонон ва варзишгарон ба дастовардҳои назаррас ноил шаванд. Ин тадбирҳо нишон медиҳанд, ки дастгириҳои давлат дар рушди ҷавонон ва варзиш муҳим буда, идомаи мантиқии сиёсати Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар маҳсуб мешаванд.
Дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҷавонони мо ҳушёру зирак бошанд, то дар пешгирии ҳамагуна зуҳурот саҳмгузорӣ намоянд.
Шароиту имкониятҳои дастдошта тақозо менамояд, ки ҷавонони мо бояд бештар хонанд ва илмҳои муосирро аз бар намоянд.
Дар рафти чорабинӣ ба гирандагони стипендияи Президентӣ маблағҳои пулии муқарраргардидаро барои соли таҳсили 2024-2025 тақдим намуданд.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита