Дар заминаи нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, иҷрои дастури Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба адабиёт ва дарёфти ҷавонони эҷодкор имрӯз дар китобхонаи шаҳрии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо ибтикори маркази ҷавонони шаҳри Бохтар маҳфили АДИБ ВА ҶАВОНОН бо иштироки шоир Усмон Билолӣ ва директори китобхона Раҷабова Қурбонгул доир карда шуд.