Субҳи имрӯз дар доираи чорабиниҳои Рӯзи ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар сокинони касбу кори гуногуни ноҳия маъракаи васеи Дави миллӣ ва пойигаҳи велосипедҳо баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор
Ҳикматуллозода, роҳбарони мақомоти қудратӣ ва як қатор идораву ташкилотҳои ноҳия дар ин маъракаи варзишӣ фаъолона иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффорзода Ҳикматулло қабл аз оғози Дави миллӣ баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки «Баргузор намудани чунин чорабиниҳои варзишӣ ба ҷисму рўҳи инсон нерўи нав мебахшад. Шуғл варзидан ба варзиш асоси комёбиҳо ва гарави асосии саломатии инсон аст. Мақсад аз баргузории ин рӯз таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ дар саросари мамлакат мебошад.
Маросими ифтитоҳи Дави миллӣ аз даромадгоҳи шаҳраки Сомониён оғоз гардида, иштирокчиён тариқи ин хиёбон ва ба воситаи кўчаи Саъди Шеърозӣ то майдони назди нимпайкараи устод А.Рӯдакӣ миёни ҳам сабқат намуданд.
Ҳамчунин дар ин масир марафони велосипедронон низ сурат гирифт, ки дар он беш аз 1000 нафар иштирок доштанд.
Дар анҷоми мусобиқа ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 ҳамасола дар саросари мамлакат Дави миллӣ доир карда мешавад.
