• Нишони миллӣ
  • Парчами миллӣ
  • Суруди миллӣ
Monday, June 16, 2025
No Result
View All Result
Ҷавонони Тоҷикистон
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мо тамос гиред:
+992 37 21 1829
  • Асосӣ
  • Кумита
    • Низомнома
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Муасисаҳо ва ташкилотҳо
    • Муассисаҳои таълимӣ
    • Идораҳои давлатӣ
    • Қонунҳо
    • Кодексҳо
    • Фармонҳо
    • Таърихи кумита
  • Ҷавонон
    • Мақолаҳо
    • Сиёсати давлатии ҷавонон
    • Тарбияи ватандӯстӣ
    • Стипендия ва грантҳо
  • Варзиш
    • Тарзи ҳаёти солим
    • Кор бо дастаҳои мунтахаб
    • Мактабҳои варзишӣ
    • Варзишгарон
    • Федератсияҳои варзиши Тоҷикистон
      • Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон
      • Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон
      • Федератсияи футболи Тоҷикистон
      • Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон
      • Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон
      • Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон
      • Федератсияи бадминтони Тоҷикистон
      • Федератсияи дзюдои Тоҷикистон
      • Федератсияи баскетболи Тоҷикистон
      • Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон
      • Федератсияи волейболи Тоҷикистон
      • Федератсияи бокси Тоҷикистон
      • Федератсияи камонварии Тоҷикистон
      • Федератсияи гуштини Тоҷикистон
      • Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон
      • Федератсияи ҷумнатикаи Тоҷикистон
      • Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон
      • Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон
      • Федератсияи тирандозии варзишии Тоҷикистон
      • Федератсияи шамшербозони Тоҷикистон
  • Барномаҳо
    • Барномаҳои соҳавӣ
    • Пайвандҳои муфид
    • Стратегияҳо
  • Хабарҳо
    • Хабарҳои кумита
    • Эълонҳо
    • Чорабиниҳо
    • Ҷои кори холӣ
    • Тендрҳо
    • Суратнигори
    • Видеомаводҳо
  • Ҳамкорӣ
  • Тамос
  • tjТоҷикӣ
    • ru_RUРусский
    • enEnglish
No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Кумита
    • Низомнома
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Муасисаҳо ва ташкилотҳо
    • Муассисаҳои таълимӣ
    • Идораҳои давлатӣ
    • Қонунҳо
    • Кодексҳо
    • Фармонҳо
    • Таърихи кумита
  • Ҷавонон
    • Мақолаҳо
    • Сиёсати давлатии ҷавонон
    • Тарбияи ватандӯстӣ
    • Стипендия ва грантҳо
  • Варзиш
    • Тарзи ҳаёти солим
    • Кор бо дастаҳои мунтахаб
    • Мактабҳои варзишӣ
    • Варзишгарон
    • Федератсияҳои варзиши Тоҷикистон
      • Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон
      • Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон
      • Федератсияи футболи Тоҷикистон
      • Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон
      • Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон
      • Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон
      • Федератсияи бадминтони Тоҷикистон
      • Федератсияи дзюдои Тоҷикистон
      • Федератсияи баскетболи Тоҷикистон
      • Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон
      • Федератсияи волейболи Тоҷикистон
      • Федератсияи бокси Тоҷикистон
      • Федератсияи камонварии Тоҷикистон
      • Федератсияи гуштини Тоҷикистон
      • Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон
      • Федератсияи ҷумнатикаи Тоҷикистон
      • Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон
      • Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон
      • Федератсияи тирандозии варзишии Тоҷикистон
      • Федератсияи шамшербозони Тоҷикистон
  • Барномаҳо
    • Барномаҳои соҳавӣ
    • Пайвандҳои муфид
    • Стратегияҳо
  • Хабарҳо
    • Хабарҳои кумита
    • Эълонҳо
    • Чорабиниҳо
    • Ҷои кори холӣ
    • Тендрҳо
    • Суратнигори
    • Видеомаводҳо
  • Ҳамкорӣ
  • Тамос
  • tjТоҷикӣ
    • ru_RUРусский
    • enEnglish
No Result
View All Result
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Ҷавонон Мақолаҳо

ИНТИХОБОТ – ОМИЛИ РУШДИ ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТӢ

13.02.2025
in Мақолаҳо
ИНТИХОБОТ – ОМИЛИ РУШДИ ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТӢ

Яке аз нишонаҳои асосии демократӣ будани давлат дар он ифода меёбад, ки ҳокимияти давлатӣ дар қаламрави он бо кадом тарз амалӣ карда мешавад. Агар ташкили мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ (масалан Президент, Парламент, Ҳукумат, низоми судӣ) дар ҳолати истифода аз сохторҳои демократӣ, яъне бо истифода аз усулҳои интихобот, раъйпурсӣ, соҳибихтиёрии халқ, иштироки ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва ғайра асос ёфта бошанд, пас хулоса кардан мумкин аст, ки дар ҳудуди ин давлат режими сиёсии демократӣ амал мекунад. Ба сохти идораи давлати демократӣ интихоботи озодона хос аст ва моҳияти демократии давлат низ рӯи ҳамин поя қарор дорад. Ҳокимияти давлатӣ бояд мувофиқи иродаи воқеии халқ ташкил карда шуда, ба манфиати халқ нигаронида шавад. Ба маънои умум демократия пурраҳокимиятии халқро ифода мекунад.

Интихобот ҳамчун раванди сиёсӣ дар ҷаҳони муосир тавсиф гашта, ба сифати механизми эътирофшудаи таъмини иштироки мардум дар ташаккул ва ё амалинамоии ҳокимияти сиёсӣ баромад мекунад. Аз ин нуқтаи назар, давлатҳо дар раванди татбиқи ин механизми муҳим дар доираи арзишҳо, меъёрҳо ва муқаррароти ташаккулёфта, ки ба анъана ва фарҳанги миллию давлатдории онҳо рабт дорад, баҳри шаклгирии низоми интихоботии худ кӯшиш мекунанд.

Дар замони муосир интихобот яке аз меъёрҳои асосие мебошад, ки ба воситаи он иштироки шаҳрвандон дар ташакули мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъмин карда мешавад. Ҳамчунин дар амал татбиқ намудани ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон аз интихобот вобастагии зиёде дорад. Бояд гуфт, ки интихобот яке аз меъёрҳои асосии ҷомеаи демократӣ ба шумор рафта, ба воситаи он ҳокимият ба таври осоишта ва бо идораи халқ аз дасти як гуруҳ ба дасти гуруҳи дигар мегузарад. Бинобар ин, интихобот воситаи иваз гардидани воситаи ҳукумрон ба шумор меравад. Самаранокии интихобот ва аз тарафи ҷомеъа эътироф гардидани натиҷаҳои он яке аз нишонаҳои муҳими ҷомеъаҳои демократӣ маҳсуб меёбад. Интихобот ҳалли масъалаҳои дар ҷомеа ба вуҷуд омадаро ба таври осоишта ва бо усулҳои сиёсӣ бояд таъмин намуда тавонад.

Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон яке аз шаклҳои асосии ифодаи иродаи халқ ва иштироки он дар ҳаёти сиёсии ҷомеа мебошад. Иштироки шахсии шаҳрвандон дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ба андозаи баробар чун тавассути намояндагони интихоб мекардаи онҳо ифодаи соҳибихтиёрии халқ ва шакли амалишавии принсипи ҳокимияти халқӣ аст, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким бахшида шудааст.

Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Халқи Тоҷикистонро, сарфи назар аз миллаташон, шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд (м. 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Ҳуқуқҳои асосии интихоботии шаҳрвандон аз инҳо иборатанд:

1) Ҳуқуқи интихоб кардан (ибрози озодона ва масъулиятшиносонаи ирода дар интихобот ва раъйпурсӣ);

2) Ҳуқуқи интихоб шудан дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ;

3) Ҳуқуқи аз ҷониби интихобкунандатон бозхонд шудани ашхосе, ки ба онҳо нобоварӣ изҳор гардидааст.

Интихобот ба мақомоти намояндагии ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории махсус дар бораи интихобот гузаронида мешаванд. Ба санадҳои мазкури меъёрӣ-ҳуқуқӣ инҳо мансубанд: Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 1994), Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 1999) ва ғайра.

Ҳуқуқи интихоботӣ дар навбати худ ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад: фаъол (ҳуқуқи интихоб кардан аз ҷониби худи шаҳрвандон) ва ғайрифаъол, яъне пассив (ҳуқуқи интихоб шудани шаҳрвандон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ) мешавад. Ҳуқуқи интихоботии фаъол ва ғайрифаъол бо расидан ба синни балоғат, яъне аз 18-солагӣ фаро мерасад. Мутобиқи моддаи 27-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи интихоб намудан ва интихоб шудан дорад. Низоми интихобот имконият медиҳад, ки ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон бемамониат ва озодона амалӣ карда шавад. Низоми интихобот ин маҷмӯи мукаммал ва томи мақомот, сохтор ва меъёрҳое мебошад, ки мақсадашон дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани интихобот буда, ба онҳо иерархияи муносибатҳо хос мебошад.

Дар мамлакати мо низоми интихоботиро метавон аз рӯи хусусият, вазифа ва шакл ба гурӯҳҳои зерин тасниф намуд:

— вобаста ба сатҳи мақомоти намояндагӣ;

— вобаста ба низоми комиссияҳои интихоботӣ;

— вобаста ба шакли овоздиҳӣ.

Яке аз нишондиҳандаҳое, ки баҳри тавсифи низоми интихоботӣ зарур мебошад, ин муқаррар намудани сатҳи мақомоти намояндагие мебошад, ки мардум барои ташаккули он овоз медиҳад. Вобаста ба ин, дар Тоҷикистон интихобот ба мақомоти намояндагӣ сесатҳа мебошад. Чунончи, интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи маҷлисҳои маҳаллии вакилони ҳалқ ва интихоботи ҷамоат мебошад. Вобаста ба ин зикр намудан зарур аст, ки меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ вобаста ба ҳар як сатҳи интихобот ба мақомоти намояндагӣ фарқкунанда буда, тарзи махсуси ташкили корро тақозо менамоянд. Аз он ҷумла, фарқият дар синусолӣ, ки ҳангоми интихоб шудан дар ҳар се сатҳ мавҷуд аст, ба монанди синни 30-сола барои узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, 18-сола барои вакили маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва 20-сола барои маҷлиси ҷамоат муқаррар шудааст.

Хулоса, интихобот қисми таркиби раванди сиёсӣ мебошад. Ҳангоми гузаронидани интихобот шаҳрвандони мамлакат дар ҳаёти сиёсии ҷомеъа фаъолона иштирок намуда, интихоботи халқӣ ва намояндагӣ гуруҳҳои мухталифи иҷтимоиро таъмин менамояд. Дар тамоми давлатҳое, ки эъмори ҷомеаи демократиро пеш гирифтааст ҳуқуқ ба таври озод интихоб намудан ва интихоб шудан яке аз ҳуқуқҳои асоси шаҳрвандони мамлакат ба шумор меравад. Барои ҳамин, ба кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон гуфтаниям, ки дар интихобот бетараф набошанд. Алалхусус ба ҷавонон таъкид менамоям, ки биёед, бо иродаи устувор ва иштироки фаъолона вакили арзандаро интихоб намоем!

Қудратов Эҳсон – донишҷӯи курси сеюми ихтисоси танзими ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ, факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Next Post
«РИВОЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН». Яъқуб Ясно, нависанда ва пажуҳишгар: «Агар шумо шахсияти сиёсии дигареро дар замони муосир мешиносед, ки бештар аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди фарҳанги ориёӣ самимона заҳмат кашидааст, намуна ва мисол биоваред!»

«РИВОЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН». Яъқуб Ясно, нависанда ва пажуҳишгар: «Агар шумо шахсияти сиёсии дигареро дар замони муосир мешиносед, ки бештар аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди фарҳанги ориёӣ самимона заҳмат кашидааст, намуна ва мисол биоваред!»

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Тавсияшуда

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

8 months ago
🥉 Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) барандаи нишони биринҷии Чемпионати ҷаҳони ҷудо миёни ҷавонон гардид 💪

🥉 Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) барандаи нишони биринҷии Чемпионати ҷаҳони ҷудо миёни ҷавонон гардид 💪

9 months ago

Хабарҳои машҳур

  • 8 ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи Tbilisi Grand Slam 2025 иштирок мекунанд

    8 ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи Tbilisi Grand Slam 2025 иштирок мекунанд

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАБОИ АСР ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • Дар Шаҳринав фестивали футбол таҳти унвони “AFC Women’s Football Day 2025” баргузор гашт

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибофро ба ҳузур пазируфтанд

    0 shares
    Share 0 Tweet 0

Бо мо дар тамос бошед

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


tarbiyai_jismoni Дастурамал ҷиҳати қабули меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахшҳо

  • Барномаҳо
  • Барномаҳои соҳавӣ
  • Без рубрики
  • Варзиш
  • Варзишгарон
  • Видеомаводҳо
  • Кор бо дастаҳои мунтахаб
  • Кумита
  • Қонунҳо
  • Мактабҳои варзишӣ
  • Мақолаҳо
  • Медиа
  • Низомномаҳо
  • Сиёсати давлатии ҷавонон
  • Сиёсати ҷавонон
  • Стипендия ва грантҳо
  • Стратегияҳо
  • Суратнигори
  • Тарбияи ватандӯстӣ
  • Тарзи ҳаёти солим
  • Фармонҳо
  • Фаъолият
  • Хабарҳо
  • Хабарҳои кумита
  • Ҳамкорӣ
  • Ҳуҷатҳо
  • Чорабиниҳо
  • Ҷавонон
  • Ҷои кори холӣ
  • Эълонҳо

Истинодҳои муфид

  • Асосӣ
  • Тамос
  • Қабулгоҳ
  • Маълумот оид ба кумита
  • Роҳбарият
  • Сохтор
  • Ҷадвали қабул
  • Муроҷиат  ба раис
  • Эълонҳо

Дар бораи мо

Академикҳо, Раҷабовҳо 3

Тел.  372 21 1829

Email: kumitaijavonon@internet.ru

  • Маълумот оид ба кумита
  • Тамос
  • Қабулгоҳ

© 2024

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Кумита
  • Варзиш
  • Сиёсати ҷавонон
  • Хабарҳои кумита
  • Ҳуҷатҳо
  • Қонунҳо
  • Низомномаҳо
  • Фармонҳо
  • Суратнигори
  • Медиа
  • Видеомаводҳо
  • Фаъолият

© 2024

tj
ru_RU en tj