Тими гӯштини тарзи озоди Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи Ҷоми бошгоҳҳои ҷаҳон, субҳи имрӯз озими Фурудгоҳи байналмилалии “Эмом Хумайни” –и шаҳри Теҳрон шуд.
Мусобиқаи даври нуҳуми “Ҷоми бошгоҳҳои гӯштини тарзи озод”, рӯзҳои 21 ва 22 –юми феврал дар толори “Шаҳадои 7-уми Тир” –и шаҳри Теҳрон баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа ҳамагӣ 8 даста: 1 тимӣ аз Тоҷикистон, Олмон, Озарбойҷон, Туркия, Гурҷистон, Арманистон ва 2 тим аз кишвари Эрон иштирок хоҳанд кард.
Гӯштингирони Тоҷикистон шомили гурӯҳӣ “В” буда, бо дастаҳои “Банки Гардишгарӣ” аз Эрон, Арманистон ва Туркия рақобат мекунад.
Дар ин мусобиқот тими гӯштини Тоҷикистонро 8 варзишгар ва 2 гӯштингири хориҷӣ аз Эрон намояндагӣ мекунанд.