Имруз дар ноҳияи АЙНӢ аз намуди варзиши футбол фестивал – мусобиқа бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи умумиҷаҳонии футбол бо ҷалби футболбозони навраси мактаби варзишии ноҳия доир гардид.
Бозии футбол яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад. Дар робита ба ин, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ рӯзи 9 феврали соли равон бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кард, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсуси Ассамблеяи генералии СММ расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард.
