Хуршеди Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмондонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 33 – сол аст, ки хонаи ҳар як тоҷику тоҷикистониро рӯшноӣ бахшида, фазои амнияту осоиштаро фароҳам сохтааст.
Воқеан ҳам, Истиқлолияти давлатӣ ифтихор ва нангу номуси ҳар як фарди тоҷик буда, рамзи соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва озодии миллати хирадсолору куҳанбунёди мо мебошад. Дар ин рӯзҳо тамоми мардуми Тоҷикистон дар васфи Истиқлолияти давлатӣ бо ифтихору сарфарозӣ ва муҳаббату садоқати ватанпарварона сухан гуфта, аз ин падидаи қисматсози таърихӣ шукрона мегуянд.
Бояд қайд кард, ки ба шарофати ба даст овардани Истиқлол ва заҳматҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон садҳо мактабу кӯдакистонҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, алалхусус толору майдонҷаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шудаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар шумораи иншоотҳои варзишӣ аз 1500 ба 10934 адад расидааст, ки танҳо дар замони соҳибистиқлолӣ дар муқоиса ба 70 соли замони пеш беш аз 9 маротиба теъдоди иншоотҳои соҳаи варзиш дар кишвар афзоиш ёфтааст. Ҳамин аст, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат барои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бештар гардидааст.
Дар ин ҳошия як қатор санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии соҳа, аз ҷумла дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” ва дар заминаи он “Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”, “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015, “Дар бораи Низомномаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023, “Дар бораи Тартиби пардохти моддии моҳонаи якумра ба ғолибон ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ғайра тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад.
Маҳз ҳамин тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати мамлакат имкон фароҳам овард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ 7353 маротиба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бо шарофати дастоварди варзишгарони кишвар баланд бардошта шуда, зиёда аз 2500 маротиба суруди миллӣ ба хотири дастоварди онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии дохиливу хориҷӣ садо додааст.
Диловар Сайфуллозода
Муовини сардори Раёсати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва оммавигардонии варзиши Дастгоҳи марказии Кумита