Ҳамасола 23 май ҳамчун “Рӯзи ҷавонон” дар Тоҷикистони азизу маҳбуб ҷашн гирифта мешавад. Албатта, ки дар саргаҳи ин иқдом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад. Воқеан бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззам ва ҷавонпарвари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат нақши ҷавонон хело боло рафта истодааст. Инчунин сарвари давлат бо нишони роҳ кушодан ба ҷавонони соҳибмаърифат ҳангоми ҷобаҷогузории кадрҳо ба мавқеи ҷавонон аҳамияти махсус зоҳир менамояд. Зеро маҳз дар ҳамин айёми ҷавонӣ, ки яке аз давраҳои қиматтарин ва ширинтарин барои ҳар як инсон аст, шахс худро озод ҳис мекунад ва ҳамеша дар талош аст. Соҳиби ақл мешаваду-аз ақл бегона мешавад. Кори хуб мекунад. Кори бад мекунад. Аммо бояд донист, ки давраи ҷавонӣ дигар бар намегардад.
Ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ Ватан бояд сабукфикр набошанд, ҳамеша ба роҳи рост раванд. Чизе, ки барои онҳо дар зиндагӣ лозим аст, ба худ қабул карда, ояндаи хуберо созанд. Худро аз варзиш дур насозанд ва бо пешрафти технологияи муосир илмомӯзӣ кунанд. Яқинан танҳо насле ҳастанд, ки шаҳди сулҳро чашида, шоҳиди давраҳои пурошӯби таърихӣ нагаштаанд. Бо корнамоиҳою ҷонфидоиҳои фарзандони баруманди миллат ва тадбирҳои онҳо дар роҳи пойдор намудани сулҳу субот танҳо аз нигоштаҳои таърихӣ ошно гардидаанд. Пас бояд барои ҷавонони тоҷик аз фаъолияти ватанпарастонаи чун Эмомалӣ Раҳмон, Садриддин Айни, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафур, Мирзо Турсунзода ва дигар шахсиятҳои фидоӣ гуфт то фаҳмиши сиёсии онҳо рушт кунаду ба ҳаёти сиёсӣ омода шаванд.
Воқеан шароити таълим, тамрин, фароғату истироҳат барои ҷавонони имрӯза дар сатҳи аълост. Ҷавононро месазад то аз ин шароитҳо ба хуби истифода намуда, маҷрои ҳаёти хешро ба қуллаҳои баланд бардоранд. Чӣ қадар Донишгоҳу донишкада бо мутахассисони касбӣ, чӣ қадар толору майдончаҳо бо мураббиёни дараҷаи олӣ ва чӣ қадар имкониятҳои дигару дигар баҳри тақвияти илму донишу тамрин муҳайёст. Танҳо азму талош, иродаи қавӣ, дурандешу ояндабинӣ лозим аст то фурсатҳоро аз даст надод. Хушбахтона бо шарофати ҷавонони далеру ҷасур, соҳибилму бомаърифати мамлакат Парчами давлатӣ чӣ дар соҳаи илм ва чӣ дар соҳаи варзиш парафшон гардида истодааст, ки албатта фахри миллати тоҷик ба шумор меравад.
Пас ҷавонони тоҷикро зарур аст, ки кӯшиш кунанд, то аз ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки баҳри пешрафти ҷавонон арзони доштааст, ба хубӣ истифода баранд. Кӯшиш кунанд, ки барои пешрафт ва рушди кишвари худ саҳмгузор бошанд.
Ҳоло, ки дар арафаи Рӯзи ҷавонон қарор дорем, ҳамаи ҷавонони кишварро аз самими қалб табрику таҳният гуфта, барояшон сарбаландӣ, зеҳни тезу тани баруманд ва далерию шуҷоатиро орзу дорам.
Таваров Муҳаммаддилкушод Мирзоевич директори МД “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба об”-и шаҳри Душанбе.