Дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷиу-ҷитсу TASHKENT AJP TOUR 2024 баргузор гардид, ки варзишгарнавраси тоҷик Сомон Турсунзода дар вазни 27 кг сазовори медали тилло гардид. Ёдовар мешавем, Сомон Турсунзода дар мусобиқаи байналмилалӣ бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардида буд.
Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.