Дар доираи нақша – чорабиниҳои Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” дар толори васеъи Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова бо иштироки Зулфиқор Гулаҳмадзода – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маликшо Неъматзода – муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дарси навбатии курси омӯзишии “Ҷавонон пайравони Пешвои миллат” доир гардид.
Дарси омӯзишӣ дар доираи мавзӯи “Мактаби давлатдории Пешвои миллат – дарси бузургест барои ҷавонон” роҳандозӣ гардида, дар кори он Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳи баромад намуда, ҳайати ҷавонони иштирокчии курсро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шодбош гуфта, сипас риштаи суханро ба муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доданд.
Маликшо Неъматзода зимни баромади хеш аз мактаби давлатдории Сарвари давлат ва таҷрибаи ғании сиёсии худ ба ҷавонон табодули афкор намуда, нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар барқарории сулҳ ва ба даст овардани Истиқлолият назаррас маънидод карда, таъкид намуданд, ки дар замири ҳар як ҷавони кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси бунёдгузори мактаби давлатдории навини тоҷикон ва муаррифгари асили миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши воло дорад. Зеро мактаби давлатдории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомул дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки саҳми ҷавонон низ дар ин раванд хеле самарабахш арзёбӣ мегардад.
Имрӯз шумо насли ҷавон бояд он эътимодеро, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Призденти кишвар нисбат ба шумо ҷавонон дорад, ҷавобгӯ бошед ва ин аз ҳар яки шумо масъулияти баландро дар назди Ватан -Модар ва ҷомеаву халқи азизамон талаб менамояд ва вазифадорамон месозад, ки бо нерӯи созандаву бунёдкор пайи омӯзиш бошем ва дар пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаётии ҷомеа нақши худро гузорем. Танҳо бо ин васила мову шумо метавонем бо пуштибонӣ аз Ватану миллати хеш мақоми мамлакати худро дар байни дигар давлатҳо зина ба зина боло барем, тазаккур доданд, зимни суҳбат бо тадрисгирандагони курси омӯзишии “Ҷавонон пайравони Пешвои миллат” – Маликшо Неъматзода – муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
Дар фарҷоми маҳфили омӯзишӣ ҷавонони фаъоли ташкилот саволҳои муҳиму саривақтиро оид ба сиёсату дипломатияи давлатдорӣ пешкаш намуда, аз Маликшо Неъматзода ҷавобҳои саҳеҳу мукамалро шуниданд.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита