Имрӯз, 27 – уми январи соли 2025 бо мақсади назорат ва натиҷагирӣ аз рафти иҷроиши барқия ва нақша – чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумита бо иштироки роҳбарони сохтории Кумита дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ машварати корӣ доир гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати Раиси Кумита баргузор гардида, дар он кураторони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ тариқи ҳузурӣ ва мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигар роҳбарони сохтории Кумита дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ба таври маҷозӣ (онлайн) иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои тақвияти фаъолияти кор бо ҷавонон ва варзиш дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, иҷрои дастуру супоришҳои Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои бандҳои дахлдори қарори ҳайати мушовараи Кумита аз 10 – уми январи соли 2025 ва ҷоннок намудани фаъолияти соҳа дар сатҳи маҳал ва дигар самтҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита