14-умин Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон дар шаҳри Ниши Сербия идома дорад. Дар мусобиқаи мазкур аз Тоҷикистон се муштзан Миҷгона Самадова, Нилуфар Бобоёрова ва Шоира Зулқайнарова иштирок доранд. Муштзанҳоямонро дар мусобиқа мураббиҳо Рустам Музаффаров ва Комил Лашкаров роҳнамоӣ мекунанд. Ҳамчунин, довари дараҷаи байналмилалӣ Мансур Муҳиддинов аз кишвари мо дар мусобиқа кор мекунад.
Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг дар аввалин рақобат пирӯзӣ ба даст овард. Миҷгона дар даври аввал бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5:0 Палома Диана Перес аз Мексикаро шикаст дод.
Муштзанбонуи дигари мо Нилуфар Бобоёрова (63 кг) дар даври аввал аз намояндаи Литва Сорокина Йекатерина бо ҳисоби 5:0 мувоҷеҳи шикаст шуд.
Шоира Зулқайнарова (60 кг) дар даври аввал бинобар ҳозир нашудани рақиб Петер аз Африқои Ҷанубӣ ба сабқат ба даври дуюм баромад. Зулқайнарова имрӯз дар даври дуюм бо Озер Гизем аз Туркия нерӯсанҷӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки аз 8-ум то 16-уми март дар шаҳри Ниши Сербия миёни беҳтарин муштзанон Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон аз рӯи 12 вазн баргузор мегардад. Дар мусобиқа 239 муштзан аз 51 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд.
Ҷоизадорони мусобиқаи мазкурро маблағҳои ҳангуфти пулӣ интизор аст. Барандагони медалҳои тилло 100 ҳазор доллар, барандагони медалҳои нуқра 50 ҳазор доллар ва барандагони медалҳои биринҷӣ 25 ҳазор доллар мегиранд. Бори аввал дар таърихи ин мусобиқа ҳамаи варзишгароне, ки ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд, соҳиби ҷоизапулӣ мегарданд. Ба ҳар кадоми онҳо 10 ҳазор доллар дода мешавад.