Моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо баргузор мегардад.
Мусобиқаи байналмилалӣ аз 2 то 4 май дар Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад.
Ҳадаф аз баргузории мусобиқа ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини оммавияти варзиш ва солимгардонӣ мебошад.