Имрӯз, 22 – юми апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе мулоқоти Зулфиқор Гулаҳмадзода – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ибраҳим Этнем Унал – роҳбари Дафтари ҳамоҳангсозии байналмилалии Туркия дар Душанбе (ТИКА) баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ дарҷ шуд, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду густариши муносибатҳо бо ташкилотҳое, ки барои рушди соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш равона карда шудаанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Дар мулоқот масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рушди инфрасохтори соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди бозиҳои миллӣ, бунёди толори нави гуштингирӣ барои донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов ва ба танзимдарории либоси ягонаи варзишӣ барои машқварзони ҷавон, баргузории чорабиниҳои дуҷонибаи муштараки сатҳи байналмилалӣ, табодули таҷрибаи варзишгарони ду кишвар ва муҷҷаҳазгардонии маркази рушди иноватсионии ҷавонони назди Кумита бо техникаву таҷҳизоти муосири комуникатсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар зимн, ҷонибҳо аз ҳамкориҳои пурсамари мутақобилан судманд изҳорӣ қаноатмандӣ намуда, таъкид сохтанд, ки ин ҳамкориҳо дар оянда, боз ҳам бештар тавсеа меёбад.
МАРКАЗИ ТАҲЛИЛ ВА ИТТИЛООТИ КУМИТА