Имрӯз, 24 – уми октябри соли 2024 Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аики Тошиҳиро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстии ҷавонони ҳарду кишвар ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманд дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш табодули афкор намуданд.
Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду густариши муносибатҳо бо Ҷумҳурии Ҷопон, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳо дар самти ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҷавонони ҳарду кишвар ва рушди варзиш таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
“Мо аз сатҳ ва мӯҳтавои муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ мекунем. Ва барои тақвият ва таҳкими бештари муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду мамлакат дар заминаҳои гуногуни рушди қобилияти зеҳниву сиёсӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии ҷавонони Тоҷикистону Ҷопон, ки имконоти фаровони истифоданашуда ҳанӯз бисёранд, ҳамкориҳои сифатан навро ба роҳ монем”,- иброз дошт Зулфиқор Гулаҳмадзода.
Дар фарҷом ҷиҳати баргузории Форуми ҷавонони Тоҷикистону Ҷопон дар Душанбе ё Токио ва таъсиси Федератсияи гӯштингирӣ дар кишвари Ҷопон пешниҳод манзур гардид.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита





