Аз 8-ум то 16-уми март дар шаҳри Ниши Сербия миёни беҳтарин муштзанон Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон аз рӯи 12 вазн баргузор мегардад. Дар мусобиқа 324 муштзан аз 65 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд.
Ин 14-умин Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс байни занон мебошад. Мебоист мусобиқа соли 2024 дар Остонаи Қазоқистон баргузор мешуд, вале баъдан ба таъхир афтод ва ба вақти дигар гузаронида шуд.
Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур Миҷгона Самадова (57 кг), Шоира Зулқайнарова (60 кг) ва Нилуфар Бобоёрова (63 кг) намояндагӣ мекунанд.
Муштзанҳоямонро дар мусобиқа мураббиҳо Рустам Музаффаров ва Комил Лашкаров роҳнамоӣ мекунанд. Ҳамчунин, довари дараҷаи байналмилалӣ Мансур Муҳиддинов аз кишвари мо дар мусобиқа кор мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дишаб маросими кушодашавии мусобиқа баргузор гардид. Миҷгона Самадова – парчамбардори Тоҷикистон дар маросими кушодашавии ин мусобиқаи ҷаҳонӣ буд.
Маврид ба зикр аст, ки ғолибону ҷоизадорони чемпионат мукофотҳои пулӣ мегиранд. Медалҳои тилло 100 ҳазор доллар, барандагони медалҳои нуқра 50 ҳазор доллар ва барандагони медали биринҷӣ 25 ҳазор доллар мегиранд. Барои аввалин бор дар таърихи ин мусобиқа ҳамаи варзишгароне, ки ба чорякфинал мерасанд, соҳиби ҷоиза мешаванд. Ба ҳар кадоми онҳо 10 ҳазор доллар дода мешавад.