Имрӯз дар доираи нақша – чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти зерсохторҳои Кумита дар давоми соли 2024 дар толори Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботии Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба бозиҳои даставӣ” баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати Зулфиқор Гулаҳмадзода – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он роҳбарият ва ҳайати кормандону масъулини Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба бозиҳои даставӣ” ширкат варзиданд.
Нахуст, директори Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба бозиҳои даставӣ” ҳисоботи муассисаи мазкурро зимни фаъолият дар соли 2024 ироа намуда дастоварду мушкилии муассисаро давоми як сол шарҳ дод.
Зимни ҳисобот дарҷ гардид, ки Муассиса аз рӯи се намуди варзиш футбол, волейбол ва ҳендбол фаъолият менамояд, ки ҳамаи намудҳои болозикр намудҳои варзиши олимпӣ маҳсуб меёбанд.
Дар Муассиса айни ҳол 27 гурӯҳи варзишӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо шумораи умумии дастпарварон 362 нафарро ташкил менамояд.
Ҳисоботи Муассиса зимни фаъолият дар соли 2024 қаноатбахш арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки дар соли навбати барои баланд бардоштани нишондод ва омода намудани мутахассисони касбӣ дар соҳаи варзиши мамлакат аз ҳозир ҷораҷӯи намуда, нақшаву барномаҳои нав рӯи кор оранд.
Раиси Кумита таъкид намуданд, ки роҳбарият ва масъулини муассисаро мебояд, ки минбаъд якҷо бо Кумита ва федератсияҳои варзишии мамлакат корбарӣ намуда, таъмини иштироки варзишгаронро дар чемпионатҳои ҷаҳон, Осиё ва мусобиқаҳои байналмилалии тақвимию рейтингӣ ба роҳ монда, барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Лос Анҷелес 2028 аз ҳозир омодагии ҷиддӣ дида, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Ҳамзамон вобаста ба фаъолияти Муассиса дар соли 2025 як зумра дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар фарҷом чанде аз фаъолон бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита