Имрӯз, 2 – юми октябри соли 2024 дар доираи нақша – чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҷиҳати иҷрои банди 12- уми Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 12 декабри соли 2023, №АП-470 тасдиқ шудааст, дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71-и шаҳри Ваҳдат бо мақсади дарёфт ва ҳавасманд намудани ҷавонони эҷодкор, баланд бардоштани завқи эҷодӣ ва бар ин васила дар замири насли ҷавони кишвар парвариши эҳсоси гарми ватандӯстӣ бахшида ба 33 – юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ Фестивали ҷавонони эҷодкор таҳти унвони “Навои дӯстӣ” бо иштироки ҳунармандону эҷодкорони ҷавони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Пеш аз оғози чорабинӣ меҳмонон аз дастовардҳои ҷавонони фаъол, варзишгарон, расму ойин ва ҳунарҳои мардумии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дастовардҳои ташкилоту муассисаҳои шаҳри Ваҳдат дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд.
Дар чорабинии мазкур Раҳимзода Шабнам Карим – муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулмаинзода Зарина Қадамшо – муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдураҳимзода Шоира Абдураҳим – муовини раиси шаҳри Ваҳдат, намояндагон аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сохторҳои дахлдор, масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва ҷавонони фаъоли шаҳри Ваҳдат иштирок намуданд.
Шоира Абдураҳимзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, меҳмонону иштирокчиёни Фестивалро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат хайрамақдам гуфт ва баргузории чорабинии мазкурро баҳри тақвиятёбии дӯстӣ ва меҳру муҳаббат пайдо гардидан миёни ҷавонони эҷодкори манотиқи ҷумҳурӣ фоли нек арзёбӣ намуд.
Инчунин дарҷ карда шуд, ки имрӯз мо бо ифтихор аз истиқлолу озодӣ сухан мекунем, як кишвари ободу пешрафта дорем, ки дар ҳоли рушди устувори иқтисодӣ қарор дорад, халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як миллати бофарҳанг, бомаърифат, бомаданият ва таъсиргузор дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ шинохта мешавад, ки ин ҳама маҳз бо шарофати хиради азалӣ ва хизматҳои шоёни муҳтарам Пешвои муаззами миллат ба даст омадааст. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд ҳамеша фаъолнокӣ ва зиракии хешро дар сатҳи олӣ нишон дода, баҳри ободу зебо гардонидани Ватани азизамон бо дастовардҳои нав ба нав қадамҳои устувор гузоранд.
Шамнам Раҳимзода дарҷ намуданд, ки боиси фараҳмандист, ки бо азму иродаи устувор ва ҷаҳду талоши беназири муҳтарам Ҷаноби Олӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон пояҳои давлатдории навини миллӣ мустаҳкам гардида, бо шарофати сулҳу субот дар тамоми самтҳо, аз ҷумла дар самти сиёсати давлатии ҷавонон пешрафту дастовардҳои шоиста рӯи кор омаданд.
Илова гардид, ки баргузории чунин Фестивалҳо бори дигар имкон медиҳад, ки ҷавонони эҷодкор дар як муҳит ҷамъ омада, аз эҷодиёту санъати хеш ҳунарнамоӣ кунанд, васфи Ватану модар ва тараннуми диёри хешро бо навоҳои дилнишин ва сурудҳои ватандӯстона нишон диҳанд. Ин майдон шароити мусоиди табодули таҷрибаомӯзӣ, шиносоӣ, фароғат, таҳкими дӯстӣ, ҷаҳонбинӣ ва оғози ҳамкориҳои навро барои ҷавонони минтақаҳои ҷумҳурӣ, фароҳам меорад.
Фестивали ҷавонони эҷодкор таҳти унвони “Навои дӯстӣ” бо сароидани сурудҳои ватандӯстонаи ҷавонони эҷодкорӣ кишвар дар як фазои идона идома ёфта, аз ҷониби меҳмонону тамошобинон баҳои баланд дода шуд.
Дар охир, аз ҷониби масъулин ба тамоми иштирокчиёну дастандаркорони чорабинии мазкур диплому сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи марказии Кумита


