Имрӯз 2 – юми октябри соли 2024 дар толори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар рушди иқтисодиёти мамлакат” ҳамоиш доир гардид.
Чорабинии мазкур таҳти раёсати муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам Карим ва муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Восидиён Фарҳод Саъдулло баргузор шуд.
Зикр гардид, ки ҳадаф аз баргузории ҳамоиш омӯзиши нуктаҳои асосии сиёсати муваффақонаи иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ноил шудан ба таъмини шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шаҳрвандон мебошад. Гуфта шуд, ки қишри зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил дода, нақши онҳо дар рушди ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла иқтисодиёти мамлакат хеле назаррас мебошад. Иштирокдорон оид ба паҳлӯҳои гуногуни сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷавонон ибрози назар намуда, зикр карданд, ки дар мамлакат барои пеш бурдани фаъолияти соҳибкории ҷавонон тамоми заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ мавҷуд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар кори ҳамоиш вазъи дурнамои соҳибкории хурду миёна, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ, ҳадафҳои татбиқшавандаи фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуда, фаъолон бо сипосномаи Кумита қадршиносӣ гардиданд.
Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи марказии Кумита





