Имрӯз дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон – 23 май миёни сарбозону афсарн ва курсантони Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ ҶТ мулоқоту вохурӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур Воҳидов Сомирӣ – мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва намояндагони донишкада иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баъд аз суханронӣ миёни сарбозону афсарон ва курсантон мусобиқаҳои шоҳмоту шашка, дастхобонӣ ва турниккашӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар фарҷом роҳбаиият ва ғолибони мусобиқаҳо бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.