Санаи 21 май дар асоси дастуру супоришҳои Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Гулаҳмадзода Зулфиқор ва Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумита аз ҷониби Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба бозиҳои даставӣ” Фестивали футбол таҳти унвони “Шукӯҳи тозаи футболи тоҷик бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол – 25 май” бо иштироки зиёда аз 150 нафар машқварзон доир карда шуд.