Таҳти чунин унвон имрӯз дар толори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид.
Чорабинӣ таҳти раёсати Зулфиқор Гулаҳмадзода – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қобилҷон Хушвахтзода – Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маликшо Неъматзода – муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ – раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холмаҳмадзода Солеҳа – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фирӯз Сайнозимзода – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ доир шуда, дар он ҳайати кормандони сохтори марказӣ ва зерсохторҳои Кумита дар пойтахт, ҷавонону варзишгарон, гирандагони стипендияи Президентӣ, ҳайати волонтёрон ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Нахуст, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд нуқтаи муҳимро аз Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, ёдрас шуданд.
– Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони имрӯзаи мо имкониятҳое фароҳам овардаанд, ки ҳар як ҷавон аз онҳо бояд самаранок истифода барад. Ҷавобан ба ғамхориҳои ин марди хирад, ҳар як ҷавон бояд дар ободкорию созандагӣ саҳмгузор бошад. Чуноне ки мебинем, имрӯз ҷовонони хуштолеъи мо метавонанд, бе ягон шубҳа берун аз кишвар таҳсил ва фаъолият намоянд. Чуноне дар Паёми имсола қайд гардид, ки “Мо бояд мисли ҳамеша сарҷаму мутаҳҳид бошем, ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳиби кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор кунем ва доимо дар фикри фарзандони худ, хушбахтию осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем”,- зикр кард Раиси Кумита.
Дар идома Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба ҷанбаҳои илмии Паёми Пешвои миллат табодули афкор намуданд.
Сипас, ҳозирин ролики кӯтоҳи иқтибосиву шарҳдиҳандаи фаъолияти соҳаи кор бо ҷавонон ва варзишро аз Паёми Пешвои миллат, ки аз ҷониби Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита омода шудааст, тамошо карданд.
Баъдан, муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба чанд нуктаи калидии Паём баромад карда, гуфт, ки бояд Паёми Пешвои миллат сармашқи кори ҳар яки мо бошад ва мо – халқи кишвар дар якҷоягӣ дар ободу шукуфо гаштани сарзамини биҳиштосоямон камар бандем.
Ҳамзамон, аз ҷониби дигар иштирокчиёни ҳамоиш маърӯзаҳо доир ба паҳлуҳои дигари Паёми имсолаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шунида шуд, ки ҷавонон барои худ як ғизои маънавӣ гирифтанд.
Иброз шуд, ки нуктаҳое, ки дар ҳар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа мегарданд, маҳз ба хотири муҳайё сохтани шароити зиндагии шоистаи сокинони кишвар мебошанд. Пешвои муаззами миллат ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон, бахусус ҷавонон эътимоди комил доранд ва моро месазад, ки бо кору фаъолияти худ ва бо нишон додани натиҷаҳои самаранок сазовори эътимоди роҳбари давлат гардем.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита