Имрӯз, 19 – уми марти соли 2025 дар доираи баргузории Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival» дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти роҳбарияти Кумита бо ҳайати ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки барои иштирок дар ин чорабинии байналмилалӣ дар кишвари Тоҷикистон қарор доранд, доир гардид.
Нахсут, Раиси Кумита, роҳбари ҳайати ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳайати ҳамроҳи онро ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз шодбош гуфта, ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш табодули афкор намуданд.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита