• Герб
  • Флаг
  • Гимн
Понедельник, Июнь 16, 2025
No Result
View All Result
Молодежь Таджикистана
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Связаться с нами:
+992 37 21 1829
  • Главная
  • Комитет
    • Правила
    • Руководство
    • Структура
    • Учреждения и организации
    • Образовательные учреждения
    • Государственные учреждения
    • Законы
    • Кодексы
    • Постановления
    • История комитета
  • Молодёжь
    • Мақолаҳо
    • Государственная молодежная политика
    • Воспитание патриотизма
    • Cтипендии и гранты
  • Спорт
    • Здоровый образ жизни
    • Работа с элитными командами
    • Спортивные школы
    • Спортсмены
    • Федератсияҳои варзиши Тоҷикистон
      • Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон
      • Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон
      • Федератсияи футболи Тоҷикистон
      • Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон
      • Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон
      • Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон
      • Федератсияи бадминтони Тоҷикистон
      • Федератсияи дзюдои Тоҷикистон
      • Федератсияи баскетболи Тоҷикистон
      • Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон
      • Федератсияи волейболи Тоҷикистон
      • Федератсияи бокси Тоҷикистон
      • Федератсияи камонварии Тоҷикистон
      • Федератсияи гуштини Тоҷикистон
      • Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон
      • Федератсияи ҷумнатикаи Тоҷикистон
      • Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон
      • Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон
      • Федератсияи тирандозии варзишии Тоҷикистон
      • Федератсияи шамшербозони Тоҷикистон
  • Программы
    • Отраслевые программы
    • Полезные ссылки
    • Стратегии
  • Новости
    • Новости комитета
    • Объявления
    • События
    • Вакансии
    • Тендеры
    • Фотофии
    • Видео материалы
  • Сотрудничество
  • Контакты
  • ru_RUРусский
    • tjТоҷикӣ
    • enEnglish
No Result
View All Result
  • Главная
  • Комитет
    • Правила
    • Руководство
    • Структура
    • Учреждения и организации
    • Образовательные учреждения
    • Государственные учреждения
    • Законы
    • Кодексы
    • Постановления
    • История комитета
  • Молодёжь
    • Мақолаҳо
    • Государственная молодежная политика
    • Воспитание патриотизма
    • Cтипендии и гранты
  • Спорт
    • Здоровый образ жизни
    • Работа с элитными командами
    • Спортивные школы
    • Спортсмены
    • Федератсияҳои варзиши Тоҷикистон
      • Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон
      • Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон
      • Федератсияи футболи Тоҷикистон
      • Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон
      • Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон
      • Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон
      • Федератсияи бадминтони Тоҷикистон
      • Федератсияи дзюдои Тоҷикистон
      • Федератсияи баскетболи Тоҷикистон
      • Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон
      • Федератсияи волейболи Тоҷикистон
      • Федератсияи бокси Тоҷикистон
      • Федератсияи камонварии Тоҷикистон
      • Федератсияи гуштини Тоҷикистон
      • Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси Тоҷикистон
      • Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон
      • Федератсияи ҷумнатикаи Тоҷикистон
      • Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон
      • Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон
      • Федератсияи тирандозии варзишии Тоҷикистон
      • Федератсияи шамшербозони Тоҷикистон
  • Программы
    • Отраслевые программы
    • Полезные ссылки
    • Стратегии
  • Новости
    • Новости комитета
    • Объявления
    • События
    • Вакансии
    • Тендеры
    • Фотофии
    • Видео материалы
  • Сотрудничество
  • Контакты
  • ru_RUРусский
    • tjТоҷикӣ
    • enEnglish
No Result
View All Result
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Программы Стратегии

Тоҷикистон даҳсолаҳо боз дар сафи пеши муқовимат бо терроризми байналмилалӣ қарор дорад

02.11.2024
in Стратегии, Воспитание патриотизма, Новости
Тоҷикистон даҳсолаҳо боз дар сафи пеши муқовимат бо терроризми байналмилалӣ қарор дорад

Аз қадим дин ва эътиқод силоҳи муборизаи қудратҳо, воситаи таъсир, тавонмандии сиёсӣ  ва неруи бузург буд. Аз азал мухолифатҳо баҳри расидан ба манфиатҳо ошкоро ва гоҳо пардапӯшона зери сояи дин, эътиқод ва боварии инсонҳо оғоз шуда, авҷ гирифта, ба анҷом расонида мешуданд. Аз рӯи ҳамин формула фитнаҳои яҳуду насоро алайҳи ислом ва шариати мусалмонон пинҳону ошкор таҳмил ва ташвиқ меёфтанд.  Ин мухолифатбарангехтанҳо дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI боз ҳам шадидтар ва ошкоротар шуданд. Механизмҳои нави муборизаи қудратҳои сиёсӣ тарҳрезӣ гардиданд. Яке аз чунин механизми таъсиргузор, қудратманд ва даҳшатнок ихтирои «машинаи терроризм» аст. Формулаи «терроризм + дин» тобиши сиёсӣ гирифт ва дар дасти қудратҳои ҷаҳонӣ ба неруи идоранашаванда мубаддал гардид.  Терроризми динӣ яке аз шаклҳои хатарноктарини терроризми байналмилалӣ буда, натиҷаи сиёсати нодурусти давлатҳои офарандаи экстремизм ва терроризм мебошад. Ҷузъ ва таркиби «машинаи терроризми динӣ»-ро ташкилоту созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ, ҳар гуна ҳаракатҳои радикалӣ ва ҷараёнҳои номатлуби исломи бунёдгаро ташкил медиҳанд.

Дар ҳудуди Тоҷикистон бо ҳалномаҳои Суди Олӣ фаъолияти ҳама гуна ҳизбу ҷунбишҳои сиёсӣ, ки хусусияти террористӣ-экстремистӣ доранд, манъ аст. Аз ҷумла, 29 созмону ташкилоти террористиву экстремистии зерин: Ҳизби наҳзати исломӣ, ташкилоти «Ал-Қоида», Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, Ҳизби исломии Туркистон (собиқ ҳаракати исломии  Узбекистон), Ҳаракати «Толибон», Ташкилоти «Бародарони мусалмон», Ташкилоти «Лашкар-е-Тайба», Гурӯҳи исломӣ (Ҷамъият-е-Ислам-и Покистон), Ҷамъият-е-Таблиғ, Ташкилоти динӣ-мубаллиғии «Созмони Таблиғот», Тоҷикистони озод, Ҳизби таҳрир, «Ҳизб-ут-таҳрир», равияи динии «Салафия», Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ», Ҳаракати ҷамъияти «Гурӯҳи 24», Ташкилоти «Давлати исломӣ» (Давлати исломии Ироқу Шом), «Ҷабҳату-н-Нусра» (Ҷабҳат-ан-Нусра), «Паймони миллии Тоҷикистон», Ҷанги муқаддас (Ал-Ҷиҳод, Ҷиҳоди исломии Мисрӣ), Ҷамъияти ислоҳоти иҷтимоӣ (Ҷамъият-ал-Ислоҳ-ал-Иҷтимоӣ), Ҷамъияти эҳёи мероси исломӣ (Ҷамъияти Иҳё-ат-Тураз ал-Исломӣ), Хонаи ду зиёратгоҳ (Ал-Ҳарамайн), Ҷунд аш-Шом (Артиши Шоми Бузург), Ҷиҳоди Исломӣ — «Ҷамоати муҷоҳиддин», Иттиҳоди экстремистии «Шоҳидони Яҳво», ташкилоти «Памир дейли нюс» (Pamir Daily News)  ё «Памир нюс» (Pamir News), ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломии вилояти Хуросон», ташкилоти экстремистии «Тоҷикистони нав 2» фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ буда, ҳамкорӣ бо ин созмону ташкилот ҷиноят буда, оқибатҳои талх, ногувор ва вазнин дорад.

Ҳамзамон сомонаву расонаҳо ва саҳифаҳои иҷтимоии ин 29 ҳизбу созмону ташкилоту равияву иттиҳодия, ки ба таблиғи ғояҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ машғуланд, бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ эълон шуда, пахш, нашр, таблиғи онҳо, инчунин маъқул донистани (лайк мондан ба) ин саҳифаҳо  ҷиноят ба шумор меравад.

Ҳамчунин хондан, таблиғ ва ташвиқ кардани саҳифаҳои интернетии  ин 29 ҳизбу созмону ташкилоту равияву иттиҳодия  дар сомонаҳои иҷтимоии Facebook,  Instagram, You Tube, Twitter, Одноклассники ҷиноят дониста мешавад. Барои таҳия ва паҳн кардани маводи марбут ба ташкилоти террористӣ – экстремистӣ тибқи моддаҳои 307, 307 эзоҳи 1, 307 эзоҳи 2, 307 эзоҳи 3, 307 эзоҳи 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали истиқлоли давлатӣ ба муқобили терроризм ва экстремизм мавқеи устувори сиёсӣ гирифта, то ҳоло дар ин набард бо иродаи қавӣ ва руҳи шикастнопазир қарор дорад.  Дар идомаи муборизаҳо 1 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва Нақшаи амал оид ба амалисозии онро бо фармони хеш тасдиқ намуданд.

«Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» барои иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфта шудаанд, мутобиқ ба иқдоми Тоҷикистон доир ба амалисозии Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид ва қатъномаҳои Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст. Дар Стратегия муқаррароти умумӣ, мақсад, вазифаҳо ва принсипҳои муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизм, самтҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), механизми амалӣ гардонидани он пешбинӣ гардидааст. Тибқи моддаи 4-уми ин Стратегия «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари минтақа таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд» ва мутобиқи моддаи 8-ум, «Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои ниҳодӣ, фарогир ва маҷмуии пешгирӣ, ошкор, рафъ ва қатъ намудани зуҳуроти экстремизм ва терроризмро қабул ва амалӣ менамояд».

Масъалаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ-террористӣ ва тартиби баррасии парвандаҳои ҷиноятии номбурда бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии зерини аз тарафи Тоҷикистон эътирофшуда ба танзим дароварда шудаанд:

—  Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (соли 1948)

— Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсӣ (соли 1966)

— Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ (соли 1965)

— Эъломияи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои тоқатнопазирӣ ва табъизи (дискриминатсия) ҳуқуқ дар асоси дин ё ақида (соли 1981)

— Конвенсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон (1995)

— Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм (соли 2001).

Тавре ки мебинем, ҳалномаҳои Суди олии Тоҷикистон дар бораи террористӣ ва экстремистӣ этироф намудани 29 ҳизбу созмону ташкилоту равияву иттиҳодия, ки ба таблиғи ғояҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ машғул мебошанд, дар асоси санадҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро этироф кардааст, қабул гардидаанд.

Воқеан ҳам вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки дар баробари манъ намудани фаъолияти ташкилот ва ҳаракатҳои террористию экстремистӣ бо мақсади таъмин намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҷавобгариро барои чунин кирдорҳои барои давлат ва ҷамъият хавфнок пурзӯр намоем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати  ташаббускор бар зидди муқовимат бо терроризм ва экстремизм ба шумор меравад.

Мавқеъгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани содиршавии амалҳои террористӣ дар пайванд ба амнияти миллӣ ва манфиатҳои мамлакат заминагузорӣ шудааст. Чунин мавқеъгирӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ беназир буда, ба дигар кишварҳои олам мавқеи Тоҷикистонро намоиш медиҳад, ки нисбат ба терроризм ва экстремизм муносибати оштинопазир дорад. Мавқеи Тоҷикистон дар муқовимат бо терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуби замони муосир тақозои вақту замон буда, аз ҳар шаҳрванди мамлакат зиракиву ҳушёрӣ ва бетараф набудан нисбат ба ояндаи давлату миллатро талаб менамояд.

Искандар ШАРИФОВ,
ходими илмии шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Next Post
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт

Добавить комментарий Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Тавсияшуда

МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАРСИ БУЗУРГЕСТ БАРОИ ҶАВОНОН

МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАРСИ БУЗУРГЕСТ БАРОИ ҶАВОНОН

7 месяцев ago
ШАРАФ БА САРБОЗОНИ ДАЛЕРИ ВАТАН

ШАРАФ БА САРБОЗОНИ ДАЛЕРИ ВАТАН

4 месяца ago

Популярные новости

  • 8 ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи Tbilisi Grand Slam 2025 иштирок мекунанд

    8 ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи Tbilisi Grand Slam 2025 иштирок мекунанд

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • Таджикистан и Кыргызстан подписали Программу сотрудничества в области молодёжной политики

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАБОИ АСР ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

    0 shares
    Share 0 Tweet 0
  • Дар Шаҳринав фестивали футбол таҳти унвони “AFC Women’s Football Day 2025” баргузор гашт

    0 shares
    Share 0 Tweet 0

Бо мо дар тамос бошед

Мы в социальных сетях

Газета «Молодежь Таджикистана»


tarbiyai_jismoni Дастурамал ҷиҳати қабули меъёрҳои миллии тарбияи ҷисмонӣ ва солимии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Разделы

  • Программы
  • Отраслевые программы
  • Без рубрики
  • Спорт
  • Спортсмены
  • Видео материалы
  • Работа с элитными командами
  • Комитет
  • Законы
  • Спортивные школы
  • Мақолаҳо
  • Медиа
  • Нормативные акты
  • Государственная молодежная политика
  • Молодежная политика
  • Cтипендии и гранты
  • Стратегии
  • Фотофии
  • Воспитание патриотизма
  • Здоровый образ жизни
  • Постановления
  • Деятельность
  • Новости
  • Новости комитета
  • Сотрудничество
  • Документы
  • События
  • Молодёжь
  • Вакансии
  • Объявления

Полезные ссылки

  • Главная
  • Контакты
  • Прием
  • О комитете
  • Руководство
  • Структура
  • График приема
  • Обращение к председателю
  • Объявления

О нас

Академикҳо, Раҷабовҳо 3

Тел.  372 21 1829

Email: kumitaijavonon@internet.ru

  • О комитете
  • Контакты
  • Прием

© 2024

No Result
View All Result
  • Главная
  • Новости
  • Комитет
  • Спорт
  • Молодежная политика
  • Новости комитета
  • Документы
  • Законы
  • Нормативные акты
  • Постановления
  • Фотофии
  • Медиа
  • Видео материалы
  • Деятельность

© 2024

ru_RU
tj en ru_RU