Тибқи нақша – чорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар бахшида ба таҷлили Рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳ дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи маорифи шаҳр мусобиқаи шаҳри Бохтар оид ба ФЛОРБОЛ байни дастаҳои духтаронаи Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи касбии шаҳри Бохтар оғоз гардид. Дар оғози мусобиқа масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар бо иштирокчиёни мусобиқа суҳбат намуда, оиди мақсад ва шартҳои баргузории чорабинии мазкур ва ҷалби ҷавонон ба варзиш ва ба ин васила пешгирии ҷинояткорӣ байни ҷавонон ва ҷавондухтарон суханронӣ намуданд. Чорабинии мазкур бо зинда садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.