Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар бинои Кумита курси шашуми омодасозии маҳфили омӯзишии «ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ» оғоз гардид, ки дар он зиёда аз 100 нафар ҷавонони фаъоли муассисаҳои оливу миёнаи касбии мамлакат ва 4 нафар хизматчии давлатӣ ба муҳлати се моҳ ба омӯзиш ҷалб гардиданд.
Маврид ба ёдоварист, ки имсол дар асоси дастури Раиси Кумита, чунин курси омӯзишӣ дар баробари Дастгоҳи марказии Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» инчунин аз ҳисоби ҷавонони фаъоли маҳал ва минтақаҳо дар назди Бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши 68 шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки дар онҳо намояндагии ТҶ «Пайравони Пешвои миллат» фаъолият дорад роҳандозӣ гардидааст.
Маросими ифтитоҳи курси шашуми омодасозии маҳфили омӯзишии «ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ» таҳти раёсати Зулфиқор Гулаҳмадзода – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гадида, дар он Содиқӣ Насиба Нуруллозода – вакил, Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Обидзода Фозил Саид – вакил, Раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нозим Маҳмадизода – директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баховаддинови АМИТ ба ҳайси меҳмони ифтихорӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамчунин дар чорабинӣ зиёда аз 100 нафар ҷавонони фаъол, кормандони Кумита ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.
Раиси Кумита бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, иброз дошт, ки омӯхтани мактаби давлатдорӣ ва сабақ гирифтан аз раванди давлатсозии Пешвои миллат бояд мояи ифтихору сарфарозии ҳар як ҷавони хештаншиноси ин кишвар бошад, зеро Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ нақши беназир гузоштанд.
Таъкид шуд, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардидааст.
Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
«Ҳамчунин Президенти Тоҷикистон ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад», – изҳор гардид зимни чорабинии мазкур.
Ҷавони тоҷик бояд ҳушманд бошад. Ҷавони тоҷик арзишҳои миллии худро шиносад ва арҷ гузорад. Ҷавони тоҷик аз таърихи худ огоҳ бошаду ояндаи дурахшонеро созад. Ҷавони тоҷик муҳимтар аз ҳама дорои дониши сиёсӣ бошад ва дар бархӯрдҳои ҷаҳони муосир мавқеи худро устувор нигоҳ дорад. Зеро ӯ ҷавони хушбахт аст. Зодаи даврони истиқлол аст. Танҳо шаҳди сулҳро чашидааст. Ӯ шоҳиди давраҳои пурошӯби таърихӣ нагаштааст. Ӯ бо корнамоиҳою ҷонфидоиҳои фарзандони барӯманди миллат ва тадбирҳои онҳо дар роҳи пойдор намудани сулҳу субот танҳо аз нигоштаҳои таърихӣ ошност. Пас бояд барои ҷавони тоҷик аз фаъолияти ватанпарастонаи онҳо гуфт. Фаҳмиши сиёсии онҳоро рушд дод. Онҳоро ба ҳаёти сиёсӣ омода намуд, чунин таъкид гардид дар маросими ифтитоҳи курси шашуми омодасозии маҳфили омӯзишии «ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ».
Дар рафти баргузории курси омӯзишӣ маърӯзачиён аз ҳисоби роҳбарони аввали вазорату идораҳо даъват гардида, шунавандагони курс давоми се моҳ аз фаъолияти сохторҳои давлатӣ аз наздик шинос мегарданд.
Ҳамзамон дар фарҷоми чорабинӣ ба ҷавонони фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” сипоснома эҳдо гардида, акси дастаҷамъонаи хотиравӣ гирифта шуд.
Ёдрас мешавем, ки иштирокчиён баъди хатми курс бо шаҳодатномаи хатм сарфароз гардонида мешаванд.
Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон