Санаи 24 – уми октябри соли 2024 миёни Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Ҳуҷҷати мазкурро Зулфиқор Гулаҳмадзода – Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Белянинов Андрей Юревич Котиби генералии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо ба имзо расониданд.
Баимзорасонии созишномаи ҳамкорӣ миёни Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо як қадами муҳим дар густариши робитаҳои байналмилалӣ ва тақвияти ҳамкориҳои ҷавонон ба ҳисоб меравад. Дар доираи ин созишнома, ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, ташаккули ҳувияти миллӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон иброз намудаанд.
Мақсад аз ин ҳамкорӣ, рушди ҳамоҳангшудаи ҷавонон дар заминаи табодули таҷриба, ташкил ва пешбурди барномаҳои муштарак, ташкили чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои тавсеаи фаъолияти ҷавонон мебошад. Ҳамчунин, ин иқдом ба таҳкими дӯстӣ, ҳамкориҳои судманд ва ҳамдигарфаҳмии ҷавонони кишварҳои Авруосиё ва Африқо мусоидат мекунад.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита






