Санаи 22 – юми феврали соли 2025 дар шаҳри Лондони Британияи Кабир, Фестивали Баҳорӣ аз ҷониби кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона бо сарпарастии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва инчунин гурӯҳи донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла Аминҷон Нурзод роҳбари Маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” – и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ки тавассути маблағгузории Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” таҳсил мекунанд иштироки фаъолона доштанд.
Зимни чорабинӣ гӯшаи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин яке аз рамзҳои асосии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мизи ҳафтсин ва ҳафтшин ороста шуда буд. Дар ин фестивали бузург аз ҷумла, донишҷӯдухтари тоҷик суруди тоҷикӣ сароида, дар охир корманди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Муҳаммадҷонов ҳамаи ҳозирину меҳмононро ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуданд.